НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо амри таърих миллати сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти комили давлатиро ба даст овард. Истиқлолияти давлатӣ – арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳимму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Он боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо дарназардошти тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.

Акнун мебоист, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва амалисозии сиёсати фаъоли хориҷӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон гомҳои устувор гузорад. Зарур буд, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ Конститутсия ва рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлол қабул гардида, дар мамлакат ислоҳотҳои амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда шаванд, фаъолияти муназзаму муътадили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, барои зиндагонии ҳар як сокини мамлакат шароити арзанда фароҳам оварда шавад.

Қисмат мардуми тоҷикро бо дарназардошти ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулотҳои босуръати солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид. Ин омил тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар оварда расонид.

Мутаассифона, дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди сиёсӣ, бар асари мудохилаи ошкорои қувваҳои муайян аз ҳориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа бо мақсади ба сари мардуми тоҷик таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ сурат мегирифт, оқибат Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти азими иқтисодӣ ва талафоти ҷуброннопазири ҷониву маънавӣ расонида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифта буд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини оромию субот, сарҷаъмии миллат ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд метавон аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ эътироф намуд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам оварда, дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурузон намуд.

Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари давлат тавлид намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Сарвари давлат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик роҳи ягонаи ҳалли низоъи дохилии тоҷиконро танҳо аз тариқи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулҳи деринтизор камари ҳиммат баст.

Қабули як қатор қонуну қарорҳои дахлдор дар иҷлосия, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”, “Дар бораи гурезагон”, “Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд” ва Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон; Дар хусуси тасдиқи фармони и.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти фавқуллода ва қоидаҳои шабгардӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», “Дар бораи Муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ”, “Дар бораи гуфтушунид бо тарафҳои мухолиф ба посёлкаи Айваҷ фиристодани гурӯҳи депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки дар мухолифати мусаллаҳона дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд” шаҳодати равшани иқдомҳои шоиста ва саривақтии Сарвари давлат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои мустақили давлатдории худ гардид.

Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамин гуна шароити ҳассос 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо дастгирии аксарияти шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки қабули он низ аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро Конститутсияи кишвар дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳуввияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард. Тавре ки иттилоъ дорем Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” соли 2024-ро ба гиромидошти ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд ва дар ин хусус фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Барои амалисозии шоҳкориҳои азим, ислоҳотҳои иқтисодиву иҷтимоии таъминкунандаи зиндагонии арзандаи сокинони мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди байналмилалӣ ҷанги шаҳрвандӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакатро дар он шабу рӯз ҳарчи тезтар хомуш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик ва рӯй овардан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкил медод.

Пеш аз ҳама, бо дарназардошти авзои ноороми кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, фалаҷ гаштани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, қарор доштани шаҳрвандон дар ҳолати яъсу ноумедӣ зарур буд, ки қонуну қарорҳои қабулшуда барои таъмини сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмии комил ва фазои орому субот дар кишвар мусоидат намуда, эътимоду боварии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба фардои ояндаи дурахшони ин давлату сарзамин бедор менамуд.

Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ такя ба дастгирии сокинони сарбаланди мамлакат дар як муддати кутоҳи таърихӣ барои хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, рафъи хатари парокандашавии миллат ва заволёбии давлати тоҷикон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.

Дар робита ба ин масъала яке аз саҳифаҳои муҳиму дурахшони таърихи навини давлати ҷавони Тоҷикистонро ин ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил медиҳад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Москва, Теҳрон ва Ҳусдеҳи Афғонистон миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии нозирони байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Воқеан санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати сартосарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳотҳои низоми давлатдорӣ рӯйи кор овард.

Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки Сарвари давлат барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд. Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷониби 180 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои устувори дипломатӣ ба роҳ мондааст. Бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Бо шарофати заҳматҳои хастанопазири ин абармарди саҳнаи сиёсат Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Ҷойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба оби тоза, дигаргуншавии иқлим, таъмини амният ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо қаноатмандӣ қабул шудаанд. Давлати Тоҷикистон муаллифи панҷ ташаббуси бузург дар самти ҳалли мушкилоти глобалии сайёра оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи чаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиряхҳо далели возеҳи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи баланди байналмиллаӣ маҳсуб меёбад.

Роҳбари давлати тоҷикон бо туфайли фаъолияти густурдаи сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ дар арсаи байнамилалӣ, хосатан миёни роҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа нуфузу эътибори баландро соҳиб буда, барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон хизматҳои беназирро анҷом дода истодаанд.

Дар робита ба хизматҳои беназир ва таърихии Пешвои муаззами миллат доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода чунин менависад: «Агар Рӯдакӣ адабиёти порсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, алома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шаҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихи халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кушишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи кадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда. ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард» (Холиқзода А.Ғ. ва дигарон. Пешво ва мактаби давлатдорӣ (Пешвои миллат – поягузори давлати миллӣ) –Хуҷанд: Ношир, 2022. – 512 с. С. 95-96.).

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб беназиранд. Иқдомҳои амалинамудаи Пешвои миллат дар ин ҷода беихтиёр ба шинохт ва эътирофу эҳтироми дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, гиромидошти мероси бою пурғановати ниёгонамон, густариши ҳуввияти миллӣ ва боло рафтани ғуруру нангу номуси меҳанпарастӣ мусоидат намуданд.

Аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва самараи Ваҳдати миллӣ бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки созанда ва ҳидоятҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд, меҳнатдӯсту тамаддунофар, фарҳангсолору матиниродаи тоҷик, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст.

Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҷиҳати таҷлили сазовори бузургтарин ҷашнвораи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, самаранок ба нафъи пешрафт Ватани азизамон меҳнат кунем.

И.Т. Маҳмудов– мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент