(Гуфтаҳои чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ. Бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ)
“Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”
Эмомалӣ Раҳмон
Кофи Анан, муншии умумии СММ.
1) 22- юми июни соли 1999 дар Конгреси умумиҷаҳонии матбуоти рус:
“Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод”.
2) 22- юми июни соли 2000 дар маҷаллаи “Огонёк”:
“Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад”.
Аскар Акаев, собиқ Президенти Қирғизистон соли 1997 дар мусоҳиба бо журналисти тоҷик М.Тоштемиров:
“Ман чунин мешморам, ки Президенти Тоҷикистон Раҳмонов тавонист, ки дар солҳои охири асри 20 кори бузургеро ба анҷом расонад”.
Кочерил Раман Назрянан, собиқ Президенти Ҳиндустон моҳи марти соли 2001:
“Моро кӯшишҳои хастанопазири сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад ба ҳайрат гузошт”.
Ислом Каримов, собиқ Президенти Узбекистон. Нашриёти “Садои мардум ”, 15 уми июни соли 2000:
“Ман Эмомалӣ Раҳмоновро ситоиш карданӣ нестам. Вале холисона бояд эътироф намуд, ки ҷараёни оштии миллӣ ва дигар тағйиротҳое, ки дар замини Тоҷикистон имрӯз рух медиҳанд, аз овони ба майдони сиёсат омадани ин одам оғоз ёфтаанд. Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки ӯ роҳи дурустро ёфт, одамони афкорашон мухталифро бо ҳам муросо дод, ҳамчунин сабру таҳаммул ва иродаи ӯ яке аз омилҳои муҳимест оид ба таъмини сулҳу осоиш дар рӯзгори халқи ҷафокашидаи тоҷик”.
Ҷорҷ Буш, собиқ Президенти ИМА. Дар китоби “Формулаи сулҳи Раҳмонов” соли 2004:
“Халқи Амрико аз Тоҷикистон ва сарвари он барои саҳми калонаш дар мубориза зидди терроризму экстремизм ва таблиғи сулҳу оштӣ дар минтақа ва ҷаҳон сипосгузор аст. Басо хушнудам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо дар ин самт беш аз пеш таҳким ёфтаанд”.
Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия. Дар маҷаллаи “Огонёк” соли 1999:
“Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамолики дигар”.
Нурсултон Назарбоев, собиқ Президенти Қазоқистон. 13 июни соли 2000 дар китоби “Формулаи сулҳи Раҳмонов”:
Дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ зикр мекунанд, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон мавҷеи устувор ва бебозгаштро қабул кард. Дар ин амр, бешубҳа хизматҳои Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов хеле калон аст. Ғалабаи боэътимоди ӯ дар интихобот нишон дод, ки обрӯи Сардори давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон то чӣ андоза баланд аст ва то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро ба ӯ пайваст мешуморад”.
Сайид Муҳаммад Ҳотамӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон. Нашриёти даврии “Ҷумҳурият ” соли 2001:
“Итминон дорам, ки давлату миллати Тоҷикистон бо ибтикор ба фарҳангу тамаддуни кӯҳани ниёгон ва таҷрибаи арзишманди даҳҳаи аввали истиқлоли он кишвар, роҳи сарбаландӣ ва ифтихорро хоҳанд паймуд ва дар ин роҳ чун гузашта аз пуштибонӣ ва мусоидатҳои ҳамаҷонибаи давлату миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон бархурдор хоҳанд буд”.
Александр Лукашенко, Президенти Белорус. Ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, 06 апрели соли 2000:
“Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмонов ифтихор мекунанд”.
Ҷамъоваранда:
Шодибой Раҳимӣ, донишҷӯи курси 3 -юми факултети ҳуқуқшиносӣ