ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ЗЕҲНӢ

Имрӯз, дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бозиҳои зеҳнӣ доир гардид. Чорабинии мазкур дар заминаи ҳамкориҳои Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Шурои донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ташкил гардида, дар он шумораи зиёди донишҷӯён аз рӯйи номинатсияҳои “Шоҳмотбози беҳтарин”, “Шашкабози беҳтарин” ва ғайраҳо ширкат варзиданд.

Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани маҳорати баланд ва малакаи ҳирфаӣ дар номинатсияи “Шашкабози беҳтарин” аз рӯйи намуди даставӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар ҷамъбасти бозиҳои зеҳнӣ ғолибон дар фазои тантанавӣ бо ҷом, медал, диплом ва дигар тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Баргузории чорабинии мазкур дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши робитаҳои дӯстона миёни ҷавонон саҳми арзанда хоҳад гузошт.