САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ МИЛЛӢ

Низоми пойдори давлатдорӣ ва устувори ҳуқуқӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона аз муҳимтарин зуҳурот маҳсуб мешаванд. Баъди касби Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табиист, ки масъалаҳои коркарди заминаҳои низоми идоракунӣ, муайян намудани авлавиятҳои бунёдӣ, ки барои рушди давлатдории навини тоҷикон чун қутбнамо баромад намоянд, интихоби амсилае аз низомҳои ҳуқуқӣ ва дар доираи он рушд додани низоми ҳуқуқии милливу қонунгузорӣ хеле мубрам гаштанд. Барҳақ ҳайсияте, ки аз нахустинҳо шуда, мубрамияти ин масъалаҳоро идрок намудаву дар саргаҳи ташаккули низоми нави ҳуқуқии миллӣ қарор гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Ҳанӯз дар замони раёсати Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар душ гирифтанашон, дурнамои рушди давлати моро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хеле андешамандона ва собитқадамона тарҳрезӣ намуданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи роҳбариашон дар бахши таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ аз василаву расмиёти мухталиф, махсусан дар доираи татбиқи салоҳияти конститутсионии худ барои комил гаштани он пайваста талош карданд. Зеро тарзе ки Сарвари давлат баён доштаанд, «рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2008).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқии инкишофи ҳаёти ҷомеа, ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будани қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон диққати пайваста медиҳанд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 шаҳодати он аст, ки Сарвари давлат ба маърифатнок гардидани аҳолӣ диққати асосӣ медиҳанд, зеро «маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад» (Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои солҳои Истиқлоли давлатӣ дарк гардида буд, ки рушди ҷомеа бидуни ташкили низоми ҳуқуқии мукаммал ғайриимкон аст. Дар робита ба ин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳое қабул гардиданд, ки ба инкишофи минбаъдаи сиёсати ҳуқуқии мамлакат таъсирри назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, 9-уми апрели соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки санади мазкур ба таъмини рушди бомароми низоми ҳуқуқии миллӣ ва ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ваколатҳои конститутсионии худ ташаббускори таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки ба манфиати давлату миллат, ҳуқуқу манфиатҳои наслҳои имрӯзу ояндаи халқ буда, мақсади асосии онҳоро рушди устувори давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, амнияти миллату давлат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Дар саргаҳи ташаккули таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии миллат ва роҳи фардои давлати ҳуқуқбунёд роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ, ки нерӯи ҳуқуқии меъёрро имзои Роҳбари давлат муайян менамояд, бешак ӯ тарҳрезикунандаи ин низоми ҳуқуқист. Илова бар ин, дар аксари санадҳои тақдирсоз Президенти мамлакат на фақат ҳамчун роҳбари давлат имзо кардааст, балки дар зарурати таҳия ва қабули онҳо, беҳтар шудани маъниву мазмуни онҳо нақши барҷаста бозидааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ӯ ҳамчун бунёдгузори давлати нави муосири тоҷикон заминаи ҳуқуқии онро низ таҳия ва тарҳрезӣ намуда, ба ҳуқуқ хирадмандона назар карда, табиати меъёрҳои онро ба хирад, адолат, инсоф табдил дод (Холиқзода А.Ғ., Шарифзода М.М., Шосаидзода Ш.Ш. Пешво ва мактаби давлатдорӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2022. – С. 59).

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАГУЗОРИ БУНЁДИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ МИЛЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар мадди аввал ба таҳия ва қабули Конститутсия диққати асосӣ дода, комиссияҳои конститутсионӣ ташкил намуд. Яъне, аз аввали даврони Истиқлоли давлатӣ дарк гардида буд, ки бидуни Конститутсия, ки самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва роҳи минбаъдаи ташаккули онро муайян кунад, рушди давлатдорӣ ғайриимкон аст. Шаҳодат ин банди 14 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мебошад, ки тибқи он «Эъломияи мазкур асос барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад». Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҳамчун роҳбари комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи соли 1994, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд рушди бомароми низоми ҳуқуқии миллӣ дар партави арзишҳои бунёдии пешбининамудаи Қонуни асосии давлат рушд намуд.

Бо роҳбари Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ як қаттор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои бунёди рукнҳои давлатдории миллӣ, қабули Конститутсия, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муассир доранд. Саҳми таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди қонунгузории миллӣ дар он аст, ки бо роҳбарии ин шахсият лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардид. Роҳбари давлат ташаббускори ворид гардидани меъёрҳо ба Конститутсия дар бораи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон, шакли идоракунии президентӣ, эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва дигар арзишҳои муҳими миллӣ ва демоктратӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар даврони аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа ва бо талаботи замони нав мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ташаббусҳои созанда ва ояндабинона манзур намудаанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 изҳори андеша намуданд, ки «яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоию сиёсии ҷомеа, Қонуни асосӣ ва қонунҳое мебошанд, ки ба талаботи шароити замон ҷавобгӯ ҳастанд. Як қатор бахшҳои муҳимми Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар қонунҳое, ки дар заминаи онҳо таҳия гардидаанд, куҳна шудаанд ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рост намеоянд. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо вазифаи аз ҳама муҳим ин тайёр намудан ва қабул кардани Қонуни асосии кишварамон мебошад».

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАИ РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воситаҳое мебошанд, ки дар онҳо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили санадҳои қонунгузории амалкунанда ва баланд бардоштани сифати онҳо заминагузорӣ карда мешавад. Пайваста Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба масъалаи мукаммал намудани қонунгузорӣ, қабули қонунҳои ба талаботи байналмилалӣ ва шароити воқеии кишвар ҷавобгӯ, сифатнокии қонунҳо диққати асосӣ дода, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дастуру супоришҳои муайян медиҳанд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2006 қайд намуданд, ки «таҳия ва қабули қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгӯ яке аз омилҳои асосии устувории соҳаҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошанд». Воқеан, рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат аз рушди қонунгузорӣ ва сифатнокиву мукаммалии он вобастагии зич дорад. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз паёмҳояшон бармеоянд, ба рушди муътадил ва босуръати кишвар, бахусус низоми идоракунӣ, рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳуқуқ мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки самти такмили низоми ҳуқуқии миллӣ, махсусан такмили қонунгузории амлкунанда ва қабули қонунҳои сифатан нав ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар меҳвари Паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз намуданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад. Дар ин замина, қонунҳои зикршуда дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Омӯзиш ва таҳлили паёмҳои Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки дар кулли паёмҳо масъалаи такмили қонунгузории амалкунандаи кишвар, тавассути қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, қабули қонунҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва масъалаҳои дигари ба қонунгузорӣ алоқаманд мавриди таҳлили амиқ қарор дода мешаванд. Сарвари давлат ба мустаҳкамиву мукамалии низоми ҳуқуқи кишвар аҳаммияти асосӣ дода, инкишофу пешрафти ҷомеаро фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян менамояд.

Сарвари давлат аз соли 2000-ум то инҷониб дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зарурати таҳияву қабули санадҳои қонунгузорӣ, консепсия, барномаҳо, стратегияҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии пешниҳод намудаанд, аз ҷумла:

1) таҳияи қонуни ягона дар бораи судҳо (Паём ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001);

2) қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои молиявии хурд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003);

3) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003);

4) қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи литсензиякунонӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004);

5) таҳияи қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкории хурду миёна», «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи танзими техникӣ», «Дар бораи ташкилотҳои худидорашаванда» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005);

6) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ», «Дар бораи литсензиякунонии намудҳои алоҳидаи фаъолият», «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005);

7) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли соли 2005);

 таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ва дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли соли 2005);

9) таҳия ва қабули қонун дар бораи фаъолияти қонунгузорӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли соли 2005);

10) таҳияи қонунҳо «Дар бораи суғуртаи ихтиёрии тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007);

11) таҳияи Барномаи махсуси беҳбуди фазои соҳибкорӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009);

12) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010);

13) масъалаи мутобиқгардонии Кодекси андоз ва қонунҳо «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот»ва «Дар бораи консессия» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010);

14) қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011);

15) қабули қонун «Дар бораи асосҳои фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ»(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011);

16) такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои соҳаи бонкӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011);

17) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011);

18) қабули Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012);

19) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012);

20) қабули «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012);

21) таҳия ва қабули Стратегияи нави пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013);

22) қабули Қонун «Дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014);

23) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи хидмати дипломатӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014);

24) қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» (Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015);

25) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015);

26) таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016);

27) қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» ва омода намудани Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017);

28) таҳияи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017);

29) таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018);

30) қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018);

31) дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019);

32) таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021);

33) омода намудани Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021).

Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати қонунҳо, инчунин ба масъалаи қабули ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва таъмини амалишавии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ташаббускори қабули зиёда 80 барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо мебошанд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур таъмини рушди устувори давлат ва некӯаҳволии аҳолӣ нақши назаррас гузоштаанд. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллаӣ дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 зарурати таҳия ва қабули як консепсия, як стратегияи миллии рушд, ду барномаи миёнамуҳлати рушд, ду барнома ва як барномаи маҳаллиро пешниҳод намуданд, ки инҳо мебошанд: 1) Консепсияи мудофиаи миллӣ; 2) Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ; 3) Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ; 5) Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо; 6) Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат; 7) Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон.

Нақши таърихии Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузории миллӣ на танҳо дар ташаббускор ва заминагузории қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки дар такмил додани сифати санадҳои қонунгузорӣ низ бузург мебошад. Инчунин, Сарвари давлат иброз менамоянд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023).

Дар фарҷом, метавон гуфт ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин дар бунёд ва рушди низоми ҳуқуқии миллӣ, хоссатан қонунгузории мамлакат саҳми беназир гузошта, ташаббускор ва заминагузори қабули санадҳои қонунгузорие мебошанд, ки онҳо ба манфиати халқу давлат буда, меҳвари онҳоро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрии халқ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, баробарҳуқуқию гуногуншаклии моликият ва арзишҳои дигари миллию мардумсолорӣ ташкил медиҳад.

Бурҳоналӣ Шерзода,

омӯзгори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ