СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Имрӯз (28.10.2024) дар факултети таърих бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ семинари илмӣ- назариявӣ баргузор гардид, ки дар он устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок дошта, атрофи таърихи Конститутсия, нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хуқуқӣ, тарбияи ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.