ТАФСИРИ ПУРАРЗИШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН”

Бояд зикр намуд, ки яке аз воситаҳои ҳуқуқии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тафсири қонун мебошад. Тафсири қонун ва арзиши он аз сатҳи дониш, малакаи касбӣ ва дигар қобилияти зеҳнии тафсиркунанда вобастагӣ дорад. Бинобар ин устодону кормандони илмии касби ҳуқуқшиносӣ бояд дар иҷрои ин кор бо дарки масъулияти баланд муносибат намуда, ба доираи васеи хонандагон, донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа тафсири осонбаён пешниҳод намуда, механизми амалишавии онро соддаву возеҳ шарҳ диҳанд.

Хурсандибахш аст, ки дар ин ҷода як зумра олимону донишмандони соҳаи ҳуқуқ ташаббусу фаъолнокӣ зоҳир намуда, ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тафсирҳои илмию оммавӣ омода кардаанд.

Аз ин рў, месазад, ки саҳми олимони ҳуқуқшинос, аз ҷумла Қурбонализода Нурулло Шамсулло – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Хурсандзода Сулаймон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёрдамчии раиси шаҳри Душанберо, ки ба тозагӣ “Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон””-ро омода ва дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидаанд, махсус таъкид намуд.

Дар тафсири хеш онҳо бамаврид қайд менамоянд, ки тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат ва эҳтиром гузоштан ба Роҳбари давлат намунаи беҳтарини рафтори ҳуқуқӣ ва ватандорӣ мебошад. Муаллифон аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, бо эҳтиром аз суханони он чунин иқтибос меоранд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Тавре ки маълум аст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, 24 декабри соли 2022, таҳти № 1920 қабул гардидааст. Дар он ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии он муайян гардида, қонуни зикршуда муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз муқаддима, 5 боб ва 21 модда иборат буда, муаллифон тавонистаанд бо дастрасии афкори арзишманди олимони соҳа ва истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар ҳаҷми 312 саҳифа мазмуну моҳияти ҳар як моддаи онро ба таври васеъ маънидод ва бо услуби оммафаҳм баён намоянд. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, мақсад ва вазифаҳои субъектони чунин тарбия, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самти фаъолият, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муайяншуда ва дигар унсурҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мавриди танзим ќарор дода шудаанд.

“Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”” ҳамчун армуғони ҷашнӣ ва ҳадяи пурарзиш ба истиқболи ҷашни 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ба ҳисоб рафта, ба доираи васеи хонандагон, кулли шаҳрвандон, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмӣ ва дигар хусусиятҳои фардӣ тавсия шуда, саршор аз ғояҳои беназири инсондўстиву ватанпарварӣ мебошад. Дар умум мазмуни тафсири мазкурро роҳнамоӣ кардани шаҳрвандон ба иҷрои амалҳои неку созанда ва корҳои хайр ба манфиати Ватани азизамон фаро мегирад.

Муаллифон дар сарсухани тафсири мазкур бисёр ба маврид таъкид менамоянд, ки : “Мутмаинем, бо татбиқи самараноки ин санади муҳимми давлатдорӣ, бо тарбия ва парвариши насли ҳаматарафа обутобёфтаву баркамол, бо афкори солиму созанда, соҳибони ғояҳои ватандўстиву соҳибдавлатӣ, фарзандони шоистаи замон, нухбагони касбу кори гуногун, меросбарони бошарафи сарзамини фарзонагон, пояњои истиқлолу ваҳдати милллӣ, амнияту субботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ марҳала ба марҳала бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар катори давлатҳои мутараққии зевари харитаи сиёсии олам хоҳад буд”.

Тафсири мазкур дар заминаи таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати то 1 июли соли 2024 таҳия гардида, ба донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, омўзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи шахсоне, ки масъули самти таълиму тарбия, бавижа тарбияи ватандўстӣ мебошанд, тавсия карда мешавад.

Мирзозода П.З., декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор