ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБ

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рақмон ба ИМА ва иштирок дар иҷлосияи 79- уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид)

24 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот аз ҷумла ба масоили тағйирёбии иқлим , норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, татбиқи Рӯзномаи -2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар ҳақиқат масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Новбаста ба он ки об тақрибан 70% рӯйи сайёраро ташкил медиҳад танҳо 2,5 % аз ин андоза оби нушокӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин барои инсон танҳо 0.3 % захираҳои ҷаҳонии оби нушокӣ дастрас мебошад, андозаи зиёди об дар шакли прияхҳо ё дар қаъри замин мавҷуд мебошад. Инсоният аллакай дар айни замон маҷубур аст, ки дар шароити камобии афзоёнда зиндагӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста кушиш менамояд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалҳои мавҷудбудаи бад шудани ҳолати муҳити зист, аз ҷумла ҳифз намудани захираҳои табиии об ҷалб намояд.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҳалли масъалаи мушкилоти об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташабусҳои муфид ва судманд менамоянд, ки ин ташаббусҳо, аз ҷумла дар сатҳи СММ пуштибонии худро пайдо намудааст. Масъалан, эълон гардидани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 -2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бо пешниҳод ва ташабуссҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Дар идомаи ташаббусҳои муфиди худ 24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд. Яке аз мавзӯъҳои асосии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, вобаста буд. Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 ва “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эътироф шудани 21 марти ҳар сол ва ҳамчунин аз таъсис ёфтани “Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар назди СММ истиқбол намуда, бо истифода аз фурсат, аз кишварҳо ва созмонҳои шарик даъват карданд, то дар кори Конфронси аввалини сатҳи баланд оид ба масоили пиряхҳо дар шаҳри Душанбе соли оянда ширкат варзанд ва саҳм бигиранд.

Вобаста ба мавқеи географии худ қариб ҳама давлатҳои Осиёи марказӣ асосан аз захираҳои пурарзиши обии Тоҷикистон вобастагӣ доранд. Бинобар ин ҷараёнҳои манфии бо тағйиёбии иқлим алоқаманд ва масъалаҳои оқилона истифода истифода бурдани захираҳои об дар минтақа бо истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ қарор доранд.

Мутобиқан ба ҳифз ва мақсаднок истифода бурдани об дар Тоҷикистон солҳои охир тағйиротҳои ҷиддӣ ба қонунгузори дар соҳаи об ворид гардид. Аз ҷумла, 19 июли соли 2019 Қонун “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, соли 2020 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо назардошти талаботҳои дар соҳаи об мавҷудбуда таҳия ва қабул гардиданд, ки ин ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ мебошад.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ, барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

АБДУЛЛОЗОДА Баҳодур – ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ