ФАЗОИ СОЗГОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР

Имрӯз (24.06.2024) бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносии ДМТ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар семинар устодону кормандони факултет иштирок доштанд. Зимнан гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст.

Дарҷ гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар мамлакат тақозо менамояд, ки ҳама дастаҷамъона саъйю талош варзанд, то аз раванди босуръати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалдараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст.

Дар семинар аз ҷониби устодони факултет дар мавзуъҳои «Ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар асарҳои олимони факултет», «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдати миллӣ – омили босуботи инкишофи давлат» маърӯзаҳо шунида шуд.

Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон мебошад ва ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.