Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси сарфарозӣ ва шарафмандии мардуми кишвар аст, ки имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, амнияти комил ва ваҳдати миллӣ бошукӯҳона ҷашн гирифта шуд. Мусаллам аст, ки аҳамияти қонуни асосии ҷумҳурӣ дар расмияти истиқлолу озодии Ватан, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, назму суботи ҷомеа, волоияти ҳуқуқ ва қонуният, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарвиҷи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.
Тоҷикон ҳанӯз аз бомдоди таърих соҳибдавлату ватандор буда, дар арсаҳои мухталиф пешгому тамаддунофар буда, нақши шахсиятҳои миллӣ – таърихии мо дар рушду инкшофи маънавиёти башар арзишманд арзёбӣ мегардад. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар авохири асри гузашта барои миллати куҳанбунёди мо муждаи нек ва эҳёи истиқлолу озодӣ буда, моро бо жарфҳои таърихии ниёгон пайваст намуд.
Арзишмандтарин ва бузургтарин сармояҳои миллати тоҷик ин фарзандони бо нангу номусаш ҳастанд, ки тавонистаанд дар тӯли таърих фарҳанг, забон, миллат, ҳуқуқу озодӣ, ва манфиатҳои миллиро ҳимоя ва ҳифз намояд. Пешвои миллат барҳақ қайд менамояд: “На теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтаанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ, ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдоди моро шикаста натавонистаанд”.
Зимнан бояд ироа намуд, ки бузургтарин дастоварде, ки миллати мо бо роҳабарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, ин аз садади нобудӣ наҷот додани давлатдории миллии тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ ёфтани миллат мебошад. Бе тардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати бостонии тоҷикон гардиши куллиеро ба миён овард, ки дар таърихи давлатдории навини миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ҳеҷ гоҳ аз ҳофизаи миллати тоҷик зудуда нахоҳад шуд, ки бо вуҷуди ҳолати мураккаби сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии миллат, авҷи гурӯҳои иртиҷоиву ҷудоихоҳӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулити дурӯзу имрӯз ва фардои миллату давлатдории тоҷиконро ба душ гирифта, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ қаҳрамонона миллатро муттаҳид ва пояҳои давлатдориро оби наҷот бахшид. Дар воқеъ, дар он шабу рӯзи марзмуз мавҷудияти давлатдории миллии навини тоҷикон дар чунин як вазъияти душвори сиёсӣ зери суол монда буд. Хушбахтона Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд.
Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар давраи бағоят мушкил ва вазъи душвори сиёсии ҷомеа баргузор шуд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд нигоҳдошти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳар чи зудтари сулҳу ваҳдат, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон, омода намудани шароит ва заминаҳои мусоид барои барқарор намудани хоҷагии бар асари ҷанги бародаркуш харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон буданд.
Аҳамияти бузурги ин иҷлосияи таърихӣ ба андешаи мо дар он ифода меёбад, ки маҳз Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон шахсияти беназир, ватандӯсту меҳанпараст, оянданигору наҷиб ва марде аз табори озодӣ – Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард, ки тамоми қувваҳои сулҳпарварро муттаҳид намуда, ҳукумат ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, ки фалаҷ шуда буданд, аз сари нав эҳё шуда, Парчаму Нишони давлатӣ қабул, артиши миллӣ ташкил ва заминаи сулҳи миллӣ гузошта шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои томаш фидоии миллати тоҷик аст. Ӯ ҷони хешро борҳо барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдор гаштани амнияти кишвар дар хатар гузошта, ба Афғонистони ҷангзада сафар намуд, ки ин барои наврасону ҷавонон дарси муҳимми ҷавонмардию ватандӯстӣ мебошад.
Дар чунин вазъияти душвори ҷанги шаҳрвандӣ роҳбар ва пешвое лозим буд, ки миллатро сарҷамъ ва давлатдории тоҷиконро аз нестӣ раҳо кунад ва таъсиси ҷумҳурии парлумонӣ дар он солҳо барои муттаҳид намудани миллат ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ самаранок набуд, бинобар ин равшанфикрони миллат Конститутсияи ҶТ бо шакли идоракунии президентиро тавсия намуданд, ки билохира 6-уми ноябри соли 1994 ду маъракаи муҳимми сиёсӣ баргузор гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон бо тариқи райъдиҳии умумӣ Конститутсияро қабул ва Президенти маҳбуби хеш Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд.
Бояд қайд кунам, заминаи асосии расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳз қабули Конститутсия ва рӯи кор омадани институти Президент ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти ҶТ мебошад.
Ҳамзамон, бо талошу роҳнамоиҳои Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби 151 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо беш аз 126 давлатҳои дунё ҳамкориҳои неки дипломатиро ба роҳ монда, ба аъзогии 51 созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шудааст.
Аҳамият ва нақши бузурги институти Президент ва хадамоти Президенти кишварро дар рушди давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, Ҳукумати ҶТ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти ҶТ санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.
Бо дарназардошти Қонуни ҶТ “ Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола, оғоз аз соли 2016 дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузурги таърихии миллати тоҷик буда, бо ҳувияти олии миллӣ, далериву ватандӯстӣ, ғамхор нисбат ба ояндаи миллату далати тоҷикон ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон тавонист ба Ватан сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоӣ эҳдо намоянд. Таҷлили Рӯзи Президенти ҶТ барои арҷ гузоштан ба хизматҳои бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мусоидат мекунад. Зеро азму иродаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва низоми ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузории кишвар рӯҳи миллӣ бахшида, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати иҷтимоӣ заминаи хуқуқӣ гузошт.
Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои устувор гузошта, дар зери сиёсати харадмандонаву мардумсолорронаи Пешвои муаззами миллат аз таъриху тамаддуни гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талоши пайваста намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Каримзода Д.Б. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ