Дар доираи нақша чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷаласаи волидайни донишҷӯёни курсҳои якуми факултет баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаҳои волидайн ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, ба манфиати тарафайн нигаронида шудааст. Дар кори ҷаласа декани факултети ҳуқуқшиносӣ д.и.ҳ., профессор Мирзозода П., мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ н.и.ҳ., дотсент Саидов Ҳ., муовинони декан оид ба таълим ва тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ декани факултет нахуст ба падару модароне, ки дар ҷаласа иштирок намуданд изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, таъкид дошт, ки раванди ҳамкориҳои волидайн бо факултет бояд мустаҳкам гардида, пайваста ҷараён дошта бошанд. Зеро ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд.
Дар идомаи ҷаласса зимнан масъалаҳои худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ аз ҷониби ҷавонон, саҳми ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, иҷрои бандҳои як зумра стратегияҳо, худдорӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа падару модарони донишҷӯён суханронӣ намуда минатдории хешро ба роҳбарияти Донишгоҳ ва садорати факултет барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо волидайни донишҷӯён расониданд.