Имрӯз 26.10.2024, дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия ифодаи давлатдорӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумла, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, н.и.ҳ., дотсент Маҳмудов Изатулло Тешаевич, мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, н.и.ҳ., дотсент Қодиров Некрӯз, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ даъват гардида буданд атрофи таърихи Конститутсия, нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хуқуқӣ, тарбияи ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ҳамоиши мазкур декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т., дотсент Ҷаъфарзода С.Х., сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Файзуллоев К.С., муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.т., дотсент Анвари С., мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т., дотсент Шарипов А.Н. суханронӣ карда, донишҷӯёнро ба риояи талабот ва меъёрҳои Конститутсия даъват намуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ н.и.ҳ., дотсент Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ ба садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ монографияҳои илмӣ “Фарҳанги истилоҳоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – зуҳуроти сиёсӣ-ҳуқуқӣ”, “Конститутсияҳои Тоҷикистон ва инкишофи он”, “Ислоҳоти конститутсионӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ-конститутсионӣ” ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфа карда шуд.