14-УМИ ОКТЯБР – РӮЗИ СОҲИБКОРОН

14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон эълон карда шудааст. Меъёри мазкур аз санаи 18.03.2015, таҳти рақами 1187 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ илова карда шуд ва ҳамасола дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамчунин, бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 окябри соли 2024 Ҳафтаи соҳибкорӣ бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” баргузор карда мешавад.

Дар доираи Ҳафтаи соҳибкорӣ ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорону сармоягузорон, маросими сарфарозгардонии соҳибкорони муваффақ бо мукофоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, форуми “Стартапстан”, намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ, мизи мудаввар дар мавзуи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону сармоягузорон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мастер -классҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон ва чорабиниҳо дар вилояту шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегарданд.

Имрӯз Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки сарчашмаи ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мебошад, бобати муқаррар намудани имтиёзҳо барои соҳибкорон тамоми чораҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ менамоянд. Дар Паёми навбати Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардида буд, ки ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Тадқиқоти асосҳои институтсионии муҳити соҳибкори имкон медиҳад, қазияҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар натиҷаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар мамлакат ба вуқуъ меоянд, ифода карда шаванд. Ташаккули муҳити соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки рақобати озоди бозорӣ ба миён ояд, шароит барои шуғли аҳолии бекор, аз ҷумла тавассути шуғли худӣ ва суботи воридоти андоз таъмин карда шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 дарсади маблағҳои пешбинишуда рост меоянд, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назардошта шудааст.

Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа, зоҳир карда шавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба авлавиятҳои мазкур як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ, алҳол барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 номгӯйи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра риоя намоянд.

Ҳамин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Афзун бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Аз ҷумла, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», аз 26 июли соли 2014, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 25 декабри соли 2015 дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ фақат дар бахши соҳибкорӣ зиёда аз 90 санади меъёри ҳуқуқи қабул гардид, ки муносибати бахши хусусиро такмил дода, танзим менамоянд. Имрӯзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ тамоми имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки мақсади асосии ин имтиёҳо дастгирии давлатии бахши соҳаи мазкур мебошад.

Соҳибкорӣ пешбарандаи иқтисоди миллист! Эҳтирому дастгирии соҳибкорон саҳми ҳар яки мо дар рушди кишвари азизамон хоҳад буд!

Мавлоназарзода О.А., н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ