БУНЁДИ ҲИЗБИ МУТТАҲИДСОЗ
Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистан арзи ҳастӣ намояд. Ин воқеаи фараҳафзо барои мардуми мамлакат як ҳодисаи нодири таърихӣ маҳсуб меёфт. Зеро дар масири таърих бори дигар миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии комил дастёб гардиданд. Мутаассифона, нигоҳдошти ин арзиши муқаддас дар марҳилаи аввали давлатдорӣ душвориро ба вуҷуд оварда, аз ин мураккабии вақт истифода бурда, қисмате аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ кишвар ва мардумро ба гирдоби фитнаҳои бузурги сиёсӣ раҳсипор намуданд.
Дар чунин шароити басо мураккаби сиёсӣ зарурияти таъсиси як ҳизби ояндасоз гузошта шуд. Ҳизбе, ки дар татбиқ ва амалишавии ормонҳои миллӣ – расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисод ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум, ба миён омадани мафкураи миллӣ ва дар ин замина, эҳёи арзишҳои фарҳангию таърихӣ, муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши беназир дошта бошад.
Маҳз ба хотири чунин мақсаду маромҳои ҳадафноку ояндасоз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Воқеан, агар ба таърихи бунёди ҲХДТ назар афканем, аъён мегардад, ки дар шароити басо мураккаби миллӣ таъсис дода шудааст. Новобаста аз мушкилии замон, Пешвои миллат дар андешаи бунёди ҳизби халқие буданд, ки тавонад мардуми мамлакат, яъне аз шаҳрванди қаторӣ то олимону донишмандон, коршиносону сиёсатмадоронро муттаҳид сохта, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳму талош варзанд.
Таҷрибаи таърихӣ дар муддати зиёда аз 30 сол нишон дод, ки ин ҳизб ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат табдил ёфта, ба ҳайси заминаи асосии омода намудани мутахассисони донишманд баромад карда, дар пайравӣ аз Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Вобаста ба зарурати таъсиси ҲХДТ Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуданд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт».
Хушбахтона, иброз доштан мумкин аст, ки ҲХДТ дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба анҷом расонид ва ин амалҳои шоиста идома дорад.
ҲАДАФҲОИ ОЛИИ МУТТАҲИДСОЗАНДА
Маҳз марому мақсадҳои ояндасози оинномавии ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ҳамдилӣ, ваҳдат ва якмаромӣ оварда, барои қадамҳои устувор гузоштан ба сӯйи комёбиҳои беназир роҳнамо кард. Дар муқаддимаи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ҲХДТ – ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Ҳамчунин, вазъи ҳуқуқии фаъолияти ҲХДТ-ро Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳоисиёсӣ” аз 13 ноябри соли 1998 бо тағйиру иловаҳои соли 2019, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ аз соли 1966, Оинномаи ҲХДТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.
Ҳадафҳои олии ҲХДТ дар Оинномаи он муқаррар гардидааст, ки он барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Аз ҳама муҳим шиори ҳизб ва ҳар як аъзои он имрӯз «Рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» мебошад, ки баҳри амалӣ гардидани он чораҳои зарурӣ татбиқ шудаистодаанд. Маҳз фаъолияти ин ҳизб боис гардид, ки ҳаёти ҳуқуқӣ дар ҷомеа побарҷо гардида, заминаҳои мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд мукаммал гарданд. Зеро, яке аз бахшҳои асосии фаъолияи ҲХДТ-ро, ки дар Барномаи он пешбинӣ гардидааст, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад.
Аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъён мегардад, ки ҳадафҳои ин ҳизб дар панҷ соли оянда амалӣ намудани масъалаҳои зерин мебошад:
– такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир;
– такмили қонунгузорӣ дар самти ҳокимияти судӣ, қабул кардан ва дар амал татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ;
– таҳкими қонунгузории соҳаи бонк ва фаъолияти бонкдорӣ бо мақсади таъмини инкишофи бонизоми системаи бонкӣ;
– мусоидат ҷиҳати сода намудани низоми андозбандӣ;
– таҳкими қонунгузории мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва ҷиноятҳои кибернетикӣ;
– таҷдиди қонунгузории соҳаҳои гумрук, андоз ва сармоягузорӣ;
– тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳатитаъмини онҳо бо шуғли арзанда, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра.
Ҳамин тавр, хулоса намудан мумкин аст, ки ҳадафҳои дар боло зикршудаи ҲХДТ дар пешрафту инкишофи ҷомеа ва мутаҳиддии мардум арзишманд буда, таъминкунандаи ҳаёти ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.
30 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ
Дар давоми 30 соли фаъолияти бомароми ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои миллат кишвари мо дар роҳи расидан ба давлатсозӣ дастоварҳои беназирро соҳиб гардидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвоимуаззами миллат ба ин сарзамини аҷдодӣ ва мардуми сарбаланди он, дар руҳияи насли наврас парвариш кардани эҳтиром ба дастовардҳои Истиқлол ва заҳмату талошҳои хастанопазири Роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморе аз комёбиҳои муҳимтарини фаъолияти ин ҳизб ба хонанда пешкаш мешавад:
1. Таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ;
2. Расидан ба Ваҳдати миллӣ;
3. Бунёди сулҳу суботи сартосарӣ;
4. Ба Ватан баргардонидани гурезагон аз кишварҳои хориҷ;
5. Тарғиби принсипҳои инсондӯстӣ, қонуният ва баробарии шаҳрвандон;
6. Рушди иқтисоди миллӣ;
7. Баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ;
8. Эҳёи таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ;
9. Муаррифӣ ва пазируфтани мероси бузурги таърихи миллат аз ҷониби созмонҳои бузурги байналмилалӣ;
10. Ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани“Наврӯз”;
11. Зинда гардонидани номи шахсиятҳои бузургӣ таърихии миллат;
12. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ;
13. Бунёди неругоҳи азими аср – “Роғун”;
14. Саҳм гузоштан дар амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ;
15. Нақш гузоштан дар амалишавии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
16. Бунёди парлумони касбӣ;
17. Рушди қонунгузории мамлакат ва таъмини ҳаёти ҳуқуқӣ;
18. Қабули қонунҳои хусусияти миллидошта;
19. Дастгирии ҷавонон;
20. Ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ дар соҳаи об, экология ва иқлим;
21. Ташаббусҳои созанда дар таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон;
22. Таъмини баробарии гендерӣ;
23. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ;
24. Расидан ба кишвари амнтарин ва Душанбе – шаҳри сулҳ;
25. Ба шаҳри сайёҳи табдил ёфтани пойтахти мамлакат – Душанбе;
26. Бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф;
27. Ба зиёда аз 1750 адад расонидани муассисаҳои тандурустии мамлакат ва ҳифзи саломатии аҳолӣ;
28. Роҳандозии сиёсати “Дарҳои боз” дар сиёсати хориҷӣ;
29. Бунёди мафкураи миллӣ;
30. Бунёди мактаби давлатдории миллӣ.
Ҳамин тавр, ҲХДТ дар ин марҳилаи мавҷудияти худ, тавонист, ки бо сарварии Пешвои миллат ба мақсаду ҳадафҳои оинномавӣ ноил гардида, барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум тамоми талошҳоро рӯйи даст гирад.
Мирализода Э.Б.,
дотсенти кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва муқовимат бо корррупсияи
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ