Саломов Исроил Исматуллоевич – номзади илми ҳуқуқшиносӣ
Саломов Исроил Исматуллоевич 6-уми сентябри соли 1992 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 факултети зикргардидаро бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 2015 ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон мебошад. Муҳаққиқи соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ буда, 15-уми октябри соли 2019 дар мавзӯи «Проблемаҳои падидаи қайду шарт оид ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Аз соли 2017 то кунун дар вазифаи муовини декани факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия фаъолият дорд.