Миралиев Исфандиёр Қарахонович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Миралиев Исфандиёр Қарахонович 13-уми августи соли 1986 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи милли Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2009 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2009-2014 ҳамчун асcистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 20112014 аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ, аз соли 2014 то ҳол дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ мебошад. Аз соли 2014 то кунун дар вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим дар шуъбаи ғоибонаи таҳсилоти дуюми олии факултети ҳуқуқшиносӣ кор мекунад. Соҳиби унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат мебошад. Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ҳимояи ҳуқуқи инсон, проблемаҳои танзими ҳуқуқии ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2014 дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шӯрои диссертатсионии муштараки назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинов ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии мукоисавӣ, таърихи ҳуқуқи инсон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва курсҳои махсуси «Ҳуқуқи кӯдак» ва «Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 60 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Барои хизматҳои шоён бо медалҳои ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), «25-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2016), Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино (2015), Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) сарфароз шудааст. Беш аз 10 сол собиқаи кори илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.