Факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз қадимтарин факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пеш Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) буда, соли 1949 таъсис ёфтааст. Олимони факултет нақшаҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ менамоянд ва дар пешрафти илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Инчунин онҳо дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ саҳмгузор мебошанд.
Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин раванди таълим ба роҳ монда шудааст: шуъбаи рӯзона – ҳуқуқшиносӣ (ихтисоси 24010200); шуъбаи рӯзона-ҳуқуқшиносӣ (ихтисоси 24010200) – магистр; шуъбаи рӯзонаи ҳуқуқи байналхалқӣ (ихтисоси 24010100); 24010100 – ҳуқуқи байналхалқӣ – магистр; 93010100 – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ; 93010100 – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ-магистр; 26010200 – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ; 26010200 – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ-магистр; ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ-магистр; 24010302 – танзими ҳуқуқии молия ва қарз; 93010200 – экспертизаи судӣ; 24010217 – ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ; шуъбаи ғоибонаи умумӣ (ихтисоси 24010200); шуъбаи ғоибонаи идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (ихтисоси 26010200); шуъбаи ғоибонаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (ихтисоси 93010100); шуъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ.
Дар факултети ҳуқуқшиносӣ соли тақвимии 2018 бо назардошти тамоми шуъбаҳои амалкунанда 4161 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора: 2928 нафар ба курсҳои 1-5-уми шуъбаи рӯзона; 503 нафар ба курсҳои 1-5-уми шуъбаи ғоибонаи маълумоти якум; 730 нафар ба курсҳои 1-3-юми шуъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ рост меоянд. Аз шумораи умумии пешниҳодшуда 2928 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1072 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.
Дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамаи шароитҳои мусоид барои тайёр намудани мутахасисони баландихтисос муҳаё мебошад. Дар факултет 15 синфхонаи бо таҳҷизотҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз, китобхона, маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурӯши инсон, маркази интернетӣ, толори имтиҳонӣ ва мониторинги сифати таълим ва лабораторияи криминалистӣ амал менамояд. Дар факултет адад зиёда 200 адад компютер бо тамоми таҳҷизоти лозимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад, ки аз ин шумора, 150 адади он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад. Ба ғайр аз ин дар факултет 21 адад видеопроекторҳо ва 9 доскаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.
Декани факултет – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек мебошад.
Дар факултет 11 кафедра фаъолият менамояд:
- Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Р.Ш.);
- Ҳуқуқи гражданӣ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ѓаюров Ш.К.);
- Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мубориза бо корупсия (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафарзода А.И.);
- Ҳуқуқи конститутсионӣ мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Диноршоҳ А.М.);
- Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов И.Т.);
- Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Д.Ш.);
- Ҳуқуқи байналхалқӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҷабов М.Н.);
- Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саъдизода Ҷ.);
- Ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонов Қ.Б.);
- Забонҳои хориҷӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарова З.А.);
- Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назаров А.Қ.)
Бо мақсади вусъат додани корҳои таълим ва тарбия дар факултети ҳуқуқшиносӣ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардида, ҷиҳати амалӣ намудани он садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола Нақша-чорабиниҳои дахлдор таҳия менамояд.