Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад. Дар паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷашни иди мазкурро чунин баён намуда буданд: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садқоат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем».
Аз ин рӯ, модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!
Фарорасии иди Рӯзи модаронро Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми модарони тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саодатмандию пирӯзӣ, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоянд. Таманнои онро дорем, ки осмони софу офтоби дурахшон болои саратон доимо ҷилвагар бошад.