Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз нақши зан дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ бахусус дар давлатҳои мутараққиву мутамаддин хеле бузург аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба иштироки фаъолонаи занон дар раванди идоракунии корҳои давлативу ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Имрӯз пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки фаъолонаи занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан, иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа баръало ба чашм мерасад.
Сатҳи тараққӣ ва тамаддуни ҳар як ҷомеаро бисёр омилҳо муайян мекунанд, ки дар байни онҳо мақому манзалати зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои вай яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон бахусус, занон муҳофизат намешавад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Хусусияти аз ҳама муҳим ин аст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон бо барномарезиҳои пай дар пай бо ҳар як ҳадафҳои таъиншудаи воқеиву саривақтӣ таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси сиёсати Президенти муҳтарам, бунёдгузори сулҳу ваҳдат қарор гирифтааст. Имрӯз агар як нигоҳи ҳадафгир намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, кимақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Сиёсати давлатӣ доир ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳо бе иштироки баробарҳуқуқи занон дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат самаранок буда наметавонад. Мақоми зан дар ҷомеа чун мақоми зан дар оила барои рушди ҳамаҷониба аҳамияти бузургро дорад.
Таъмини рушди ҳаматарафаи занон дар соҳаи сиёсиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар он меъёре вуҷуд надорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занонро бевосита ва ё бавосита маҳдуд кунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳоеро, ки барои таъмин намудани меъёри мазкури конститутсионӣ равона карда шудааст, амалӣ менамояд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1.03.2005 инҷониб амал менамояд.
Дар баробари ин санаи 3.12.1999 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид. Фармони мазкур заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи занон фароҳам овард.
Дар партави Фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар бораи таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, Қарор «Дар бораи нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар солҳои 1998 – 2005» аз 10 сентябри соли 1998, барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» аз 1 ноябри соли 2006, барномаи давлатӣ «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 майи соли 2010 қабул карда шуд. Яке аз вазифаҳои асосии барномаву қарорҳои қабулшуда ин, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои занон, иштироки баробари мардон ва занон ҳангоми қабул намудани қарорҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идоракунии давлат, кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди бемайлони ҷомеа, ба нафъи миллат имконият медиҳад. Неруе, ки зан дорад набояд инкор, балки ба пуррагӣ бояд мавриди истифода қарор гирад.
Пирова Гулафзо Сайфидиновна – ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ