ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР

Дар ҳошияи пешниҳоди таҷлили байналмилалии 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Инсоният аз даврони пайдоиш ва шинохти худ ҳамчун субъекти бошуури ҷамъият баҳри ҳифз намудан ва аз байн нарафтани хидмати худ ҳамеша кӯшишҳо менамуд. Баъдан бо инкишофёбии ҷамъият, баланд гаштани сатҳи шуури инсонӣ, бавуҷуд омадани тақсимоти меҳнат, гузаштан ба зиндагии бошууронаи ҷамъиятӣ, авлодӣ, қабилавӣ дар инсоният талаботи маънавӣ низ боло мерафт. Дар доираи урфу одат ва анъанаҳои худ ба муқобили касоне, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол менамуданд, мубориза мебурданд. Воқеан, инсоният зиёда аз дуюмин ҳазор сол барои бавуҷуд овардани инсони комил кӯшишу талошҳо карда, заҳмату машақатҳо кашида истодааст. Мо бояд дар расидан ба комёбиҳое, ки инсоният дар шинохт ва инкишофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон имрӯз ба даст овардааст, саҳми аҷдодони гузаштаи худро, амалҳои неки онҳоро ба некӣ ёдовар шуда, давомдиҳандаи кори онҳо бошем.

Омӯзишу тадқиқоти мазкур ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ, давлатдори соҳиби санъати баланди идоракунии давлатӣ – Куруши Кабир, таъсисдиҳандаи яке аз аввалин империяҳои бузург дар ҷаҳон, ки бо номи «империяи Ҳахоманишиҳо» дар таърих машҳур мебошад ва кору пайкори ин марди наҷиб дар самти шинохти инсони комил, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшида мешавад. Эъломияи Куруши Кабир оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон – далели гуфтаҳост. То ба ҳол кор ва амали шахсияти барҷаста – Куруши Кабир дар ҷодаи шинохт ва инкишофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҷониби олимону муҳаққиқон ба пуррагӣ омӯхта нашудааст. Ин нуқта дар адабиётҳо низ махсус таъкид гардидааст.

Дар Эъломияи Куруши Кабир соли 539 қабл аз мелод нахустин маротиба дар таърихи инсоният ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил ва ҳуқуқ ба моликият расман эълон шуда, мавриди ҳифз қарор мегирад. «Ҳар кас дар пайравии дини худ озод аст, касе ҳақ надорад диндори ғайрро ба дини худ ҷалб намояд, маъбадҳои динҳои ғайр барқарор карда шавад ва мардум ба ҷои худ оварда шавад» – гуфта шудааст дар Эъломияи Куруши Кабир ҳангоми ворид шудан ба Бобулистон. Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар масъалаи эътирофи расмии ҳуқуқҳои табиии инсон: ҳуқуқ ба зиндагии осоишта, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба озодии виҷдон буда, дар он дигар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон расман эълон ва ҳифз шудаанд.

Куруши Кабир ба халқҳо озодии виҷдон, ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ пешниҳод намуда, шароит фароҳам овард, ки қавмҳои кӯчак дар баробари халқҳои бузург дар пешбурди мубодилоти байналхалқӣ бо ҳаққи баробар ширкат варзида, ба омезиши анъанаҳо ва фарҳангҳо ва шаклгирии тамаддунҳои бостон саҳмгузор бошанд. Гуго Гротсий бошад асосҳои илмию ҳуқуқии халқро ҷиҳати баҳамоӣ ва муошират собит сохта, ҳуқуқи байналмилалии оммавиро таҳия карда, онро дар муқоиса бо ҳуқуқи дохилӣ афзалиятнок офарид.

Хизмати бузурги Ҳахоманишиҳо боз аз он иборат мебошад, ки онҳо ҳамеша дар ҳама ҳолат озодии пайравӣ ба дин ва озодии виҷдонро дар ҳама гушаю канори салтанати худ эътироф менамуданд. Санги таҳдобии ин консепсия маротибаи аввал дар Эъломияи зикршудаи Куруш дарҷ гардида буд, ки амр менамуд, ки: «ҳамаи халқҳо дар парастиши худоёни худ озоданд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки бединонро ранҷонад…». Қобили қабул аст, ки 2550сол қабл Куруши Кабир чунин меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар намуда буд, ки то ҳол онҳо нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон ҳамчун арзиши қиматбаҳо ворид шудаанд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Маҳз бо ин мақсад, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур дода шуд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи моддаи 13 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон менамояд: «1. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди ҳар давлат озод рафтуомад ва ба худ маҳали зист интихоб кунад. 2. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад». Моддаи 18 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон менамояд: «Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад». Моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад». Ин гуна меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қисми 1-и моддаи 4 Қонуни Асосии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаи 2 Конститутсияи Фаронса, моддаи 28 Конститутсияи Федератсияи Русия, Конститутсияи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико (моддаи 6, қисми 3 ва ислоҳи I) ва бисёре аз дигар конститутсияҳои тарақиёфтаи ҷаҳон арзи ҳасти доранд. Бояд қайд кард, ки ҳуқуқу озодиҳое, ки Куруши Кабир дар Эъломияаш муайян намуда буд, мубрамияти худро то ҳол гум накарда, дар ҷаҳони муосир пайвасткунандаи сулҳу субот ва умумияти инсонҳо гардидааст.

Инак,барои исботи андешаҳое, ки «Эъломияи Куруши Кабир оид ба ҳуқуқи инсон» фарогири ҳуқуқу озодиҳое ҳаст, ки инсоният дар таърихи мавҷудияти худ аз онҳо дар шинохт ва ташаккулёбии худ истифода бурда истодааст, матни аслии Эъломияи Куруши Кабирро оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод менамоем:

Ҳуқуқи башари Куруши Кабир

Инак, ки бо ёрии Маздо тоҷи салтанати Эрон, Бобул ва кишварҳои чаҳоргонаро бар сар гузоштаам, эълон мекунам, ки:

То рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман арғумон мекунад, кешу боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагзорам, ки фармонравонону зердастони ман кешу ойину дину равиши мардумони дигарро паст бидоранд ва ё онҳоро биёзоранд. Ман имрӯз афсари подшоҳиро ба сар ниҳодаам, то рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман арзонӣ карда, ҳаргиз фармонравони худро бар ҳеҷ мардумоне ба зӯр таҳмил накунам ва дар подшоҳии ман ҳар миллате озод ҳаст, ки маро ба подшоҳии худ бипазирад ё напазирад ва то ҳар гоҳ подшоҳи Эрону кишварҳои чаҳоргона ҳастанд, нахоҳам гузошт касе бар дигаре ситам кунад ва агар касе нотавон бувад ва бар ӯ ситаме рафт, ман аз ӯ дифоъ хоҳам кард ва ҳаққи ӯро гирифта, ба ӯ пас хоҳам дод ва ситамгаронро ба кайфар хоҳам расонд. Ман то рӯзе, ки зинда ҳастам, нахоҳам гузошт касе молу амволи дигареро базӯр ё равиши нодурусти дигаре бидуни арзиши воқеъи аз ӯ бигирад. Ман эълон мекунам: ҳар касе озод ҳаст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад бар гузинад ва дар ҳар куҷо, ки мехоҳад сукунат бинмояд ва ҳар гуна, ки муътақид аст, ибодат кунад ва мӯътақидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу коре, ки мехоҳад интихоб намояд ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад.

Ман эълон мекунам: ҳар касе посухгӯи аъмоли худ мебошад ва ҳеҷ касро набояд ба ангезаи ин ки яке аз бастагонаш хилоф кардааст, муҷозот кард ва агар касе аз дудмон ё хонаводае хилоф кард танҳо ҳамон кас ба кайфар бирасад ва ба дигарон коре нест. То рӯзе, ки зинда ҳастам нахоҳам гузошт, ки мардону занонро ба номи бардаву каниз ё номҳои дигаре бифурӯшанд. Ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ рахт барбандад.

Аз Маздо мехоҳам маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба миллатҳои Эрону мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад.

Ҳар гуна бардонӣ аз ин асар пайгарди қонунӣ дорад.

Холиқова О.А. – муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқ