АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҚДОМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 2550-СОЛАГИИ ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 28 –уми декабри соли 2024 ироа гардид. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ва пешниҳод намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”.

Маълум аст, ки Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озидиҳо ва ҳомии кешу оини сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст. Мутобиқи маълумоти Ҳеродот, ӯ аз ҷумлаи машҳуртарин намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи паҳновари ҷаҳониро бунёд гузоштааст, ки дар ҳудуди 24 сатрапии (вилоят) он намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд.

“Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон” соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол намуда буд.

Ин Эъломия, ки аз 39 банд иборат аст, ҳангоми ҳафриёти харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт шуда, аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ва яке аз нусхаҳои он дар Осорхони Британия дар Қонун бо номи «Устувони Куруш» маҳфуз аст. Маншур ё Эъломияи Куруши Кабир ба забони қадимаи эломӣ навишта шудааст.

Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, беш аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст, аз ҷумла: 1.Шоҳ кафили ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ мебошад; 2. Шоҳ кафили амнияти раият мебошад; 3. Шоҳ кафили тартибу низом дар ҷомеа мебошад; 4. Шоҳ кафили ҳуқуқу озодиҳои раият мебошад; 5. Шоҳ кафили дахлнопазирии манзили раият аст; 6. Шоҳ кафили ҳифозати шаклҳои гуногуни моликият аст; 7. Шоҳ дахлнопазирии ибодатгоҳҳо ва шоҳҳоро таъмин менамояд; 8. Шоҳ кафили таъмини ҳуқуқ ба эътиқодҳои динӣ мебошад; 9. Шоҳ дар мамлакат пуштибони асосии расму оинҳо мебошад; 10. Кас ҳақ дорад манзилашро тарк кунад ва ба он баргардад; 11. Касе ҳақ надорад инсонро ба қатл расонад; 12.Ҳар кас ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад ва гайраҳо.

Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши худ “Чеҳраҳои мондагор” қайд менамояд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.

Аз ин рӯ, аҳмияти таърихии пешниҳоди Пешвои муаззами миллат оид ба таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар арсаи ҷаҳони ба фикри мо чунин аст:

1. Ташаббус ва иқдоми бузурги Пешвои муаззами миллат дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

2. Гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст.

3.Эъломияи мазкур бояд ба феҳристи шоҳасарҳои мероси фарҳангии башарият шомил шавад.

4. Ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

5. Дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

Мо ин ташаббуси пурарзиши Пешвои миллатро саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат н.и.ҳ.. дотсент Мавлоназарзода О.А.