Сомона

Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳамчун яке аз факултетҳои бонуфузи ҷумҳурӣ бо баробари созмон додани сомонаи худ иҷроиши вазифаҳои худро дар якчанд бахш иҷро намудааст. Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳврандони ҷумҳуриро яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ танҳо замоне муяссар мегардад, ки сокинони он соҳиби дониши баланди ҳуқуқӣ, фаҳмиши низом ва тартиботи ҳуқуқӣ ва хулқу атвори намунавӣ буда, дар замирашон ѓояҳои ватанпарварӣ аланга занад. Мақола ва маводҳое, ки дар ин сомона тариқи электронӣ дастраси мардум хоҳад шуд, маҳз ба такмили ҳамин сифатҳо нигаронида мешаванад.

Ҳадафи асосии сомонаи мазкур дар ниҳояти кор ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, шуур ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, сайқал додани сатҳи камолоти ҳуқуқӣ, боло бурдани эътимоду боварӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Сомона ба ҳайси як минбари асосии ташвиқу тарѓиби муҳимтарин рўйдодҳои рўзгори таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, тақвияти робита ва ҳамкориҳои факултет баромад менамояд. Боварии комил дорем, ки сомонаи мо дар самти дастрасии ҷомеа ва ҷаҳон ба иттилооти боэътимоду зарурӣ, парвариши ҳисси масъулиятшиносиву меҳанпарастии шаҳрвандон, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмати арзандаву шоистаеро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз анҷом   медиҳад. Мо ниёз ва умед ба дастгирӣ ва ҳамкориҳои ҳамешагии Шуморо дорем, муштариёни азиз.

Бо эҳтиром, садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.