Шурои олимони ҷавон

Шурои олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ

         Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ», ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ гардидааст ба роҳ мемонад. Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон созмони ҷамъиятӣ буда, бо фармоиши ректори Донишгоҳ дар назди Раёсати илмӣ-тахқиқотӣ ташкил карда мешавад. Шуро дар ҳайати олимони ҷавонӣ то сини 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ба омӯзиш ва таҳқиқот машғул мебошанд. Нақшаи кории Шурои олимони ҷавон аз тарафи декани факултет тасдиқ мегардад. Ҷаласаи Шурои олимони ҷавон моҳе як маротиба бо иштироки декани факултет ва аъозоёни Шуро баргузор мегардад. Сохтори Шурои олимони ҷавон аз Раис ва аъзоёни он иборат буда, Раиси он дар ду сол як маротиба бо пешниҳоди декани факултет аз тарафи Ректори донишгох таъйин мегардад.

Шурои олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

  • муттаҳид намудани қувваи эҷодии олимони ҷавон ва муҳақкиқон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимми илмӣ; 
  • беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон тавассути баргузории мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва нашри натиҷаи корҳои илмии онҳо;
  • мукаммалгардонии иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои татқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо ва таҷрибаомӯзиҳо;
  • ҳамкорӣ бо Шурои олимони ҷавони дигар факултетҳо;
  • коркард ва амали намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон ва монанди инҳо.

      Раиси Шурои олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ

      Пирова Гулафзо Сайфидиновна