ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Барномаи таҳсилоти аз рӯи ихтисоси “Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ ҳадаф аз таъсиси ихтисоси «Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ» тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбе мебошад, ки дорои донишҳои заминавии назариявӣ буда, малакаҳои кори амалии ҳуқуқшиносиро дар соҳаи гумрук доранд. Хатмкунандагони ихтисоси барномаи таҳсилотии мазкур фаъолияти машваратии ҳуқуқӣ, фаъолияти касбӣ дар криминология ва дигар фаъолияти хидмати давлатиро дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд.

Фаъолияти мутахассиси «Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ» барои аз нигоҳи ҳуқуқи ҳал намудани масоли иқтисодии дохиливу хориҷӣ равона гардидааст.