Мутахассисони соҳаи 1-93010200 – «Санҷиши судӣ» бо касби «Эксперт-криминалист» дар низоми барномаҳои таълимии ҳуқуқшиносӣ нақши муҳим мебозанд. Барномаи таълимӣ барои соҳаи «1-93010200 – «Санҷиши судӣ» бо касби «Эксперт-криминалист» ба тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос равона шудааст, ки бо донишу малакаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, қодир ба иҷрои таҳқиқотҳои илмӣ ва амалии вобаста ба экспертизаҳои криминалистикӣ дар раванди тафтиши ҷиноят мебошанд. Дар раванди таълим, донишҷӯён бо асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии экспертизаи судӣ, методҳо ва воситаҳои криминалистӣ, истифодаи техникаи муосир дар таҳқиқи далелҳо, намудҳои гуногуни ташхисҳо (баллистикӣ, трасология, дактилоскопия ва ғайра) шинос мешаванд. Ҳамзамон, диққати ҷиддӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ дода мешавад, ки тавассути машғулиятҳои лабораторӣ, коромӯзӣ дар муассисаҳои судӣ ва марказҳои экспертизаи криминалистӣ амалӣ мегардад. Хатмкунандагони барнома метавонанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратура, муассисаҳои экспертиза ва дигар сохторҳои марбут фаъолият кунанд. Омодасозии мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад, ки ба баланд бардоштани сатҳи адолати судӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат мекунад. Барномаи 1-93 01 02 00- «Санҷиши судӣ» бо касби «Эксперт-криминалист» ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос равона шудааст, ки қобилияти мустақилона гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва амалиро дар мавриди парвандаҳои ҷиноятӣ доранд. Таълим бо истифодаи технологияҳои муосир, таҷҳизоти экспертӣ–криминалистикӣ ва барномаҳои махсуси ташхисӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯён малакаҳои кор бо ашё ва ташхиси изи ангушт, изи по, ҳуҷҷатшиносӣ, баллистика ва дигар соҳаҳои марбутро аз худ мекунанд. Ин ихтисос ба баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини адолати судӣ мусоидат мекунад.