Ташкилоти иттифоқи касабаи факултети ҳуқуқшиносӣ воҳиди сохтории Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ҳимояи дастаҷамъонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносиро амалӣ менамояд. Мақомоти иҷроияи ташкилоти иттифоқи касабаи факултети ҳуқуқшиносӣ Бюрои иттифоқи касабаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Бюрои иттифоқи касаба) мебошад, ки бо роҳбарияти факултети ҳуқуқшиносӣ ва комиссияҳои Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.
Бюрои иттифоқи касаба бо намояндагии раиси Бюрои иттифоқи касабаи факултет дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» аз 2 августи соли 2011, № 757, Оинномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои кормандони факултетро ҳимоя мекунад.
Самтҳои асосии фаъолияти Бюрои иттифоқи касаба: қабул ба иттифоқи касаба, бақайдгирӣ, пешбурди варақаҳои баҳисобгирӣ, аз қайд хориҷ кардани омӯзгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ, назорат аз болои иҷрои шартномаи коллективии Кумитаи иттифоки касаба бо раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷамъоварии пешниҳодҳо аз аъзои Бюрои иттифоқи касаба оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ ва тартиботи дохилии меҳнат, назорат аз болои шароити меҳнат ва бехатарии меҳнат, иштирок дар интихоботи такрории ҳайати профессорону омӯзгорон ба ҳайати Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносӣ, иштирок дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба музди меҳнат ва тақсимоти маблағҳои ҳавасмандгардонӣ аз маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии факултети ҳуқуқшиносӣ, иштирок дар ҷаласаҳои комиссияи стипендия ва комиссияи хориҷ кардани донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Самтҳои кор дар соҳаи иҷтимоӣ: аз ҳисоби маблағи буҷети Бюрои иттифоқи касаба додани ёрии моддӣ ва додани ёрии иҷтимоӣ ба омузгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ, ки дар вазъияти душвори ҳаётӣ қарор доранд, ирсол намудани дархост барои пардохти кумаки моддӣ ба омӯзгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ, ки дар вазъи вазнини зиндагӣ қарор доранд, аз ҳисоби буҷети Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ташкили назорати ҷамъиятӣ ба фаъолияти муассисаҳои хуроки умумӣ ва хизмати маишӣ, ки дар бинои факултети ҳуқуқшиносӣ ба сифати иҷоракорон амал мекунанд, ба омӯзгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба имконияту шароитҳои истироҳат дар осоишгоҳҳо маълумот додан. Дар якҷоягӣ бо садорати факултет раванди таълим ва интизоми меҳнат, шароити бехатари меҳнат ва риояи тартиботи дохилиро таъмин менамояд.