Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар баробари шакли таҳсили рӯзона, инчунин шакли таҳсилоти фосилавӣ низ амал менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарвандони хориҷӣ бе маҳдудияти синну сол барои таҳсил дар ин шуъба ҳуқуқ доранд.
Тартиби дохил шудан ба шуъбаи фосилавии факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қоидаи қабули донишҷӯён барои ҳар сол муайян карда мешавад. Таҳсил дар шуъбаи фосилавӣ бо тариқи ғайриройгон (шартномавӣ) сурат гирифта, маблағи шартнома аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ бо розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Муҳлати таҳсил дар шакли таҳсилоти фосилавӣ 4 сол мебошад.
Дар шакли таҳсилоти фосилавии факултети ҳуқуқшиносӣ ихтисосҳои зерин мавҷуд аст:
1-24010200 – Ҳуқуқшиносӣ (маблағи шартнома дар соли 2025 -10000 сомонӣ);
1-26010200 – Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (маблағи шартнома дар соли 2025 – 6500 сомонӣ);
1-93010100 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (маблағи шартнома дар соли 2025 – 6500 сомонӣ);
Айни ҳол дар ихтисосҳои шакли таҳсилоти фосилавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ 480 нафар донишҷӯён дар курсҳои 1 ва 4-ум таҳсил мекунанд.