ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТРЕНИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ

Дар доираи барномаи Аврупоии ЭRASMUS + дар самти табодули академии омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ айни замон мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмудов Изатулло Тешаевич бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар тренинги байналмилалӣ дар Донишгоҳи Даугавпилси Ҷумҳурии Латвия қарор доранд. Хотирнишон бояд сохт, ки дар ҳамоиши мазкур беш аз 60 нафар олимону профессорон бо намояндагӣ аз 12 кишвар иштирок доранд.

Дар ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ дотсент Маҳмудов И.Т. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, имконият ва зарфиятҳои Донишгоҳро дар самти табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳои байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ таъкид намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар ҳошияи барномаи мазкур мулоқоти судманд бо Ректори Донишгоҳи Даугавпилс, доктори илмҳои биологӣ, профессор, академик Арвидс Барсевкис; проректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Янис Кудинс; проректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, бехатарӣ ва ахлоқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Янис Тейванс-Трейновскис анҷом дода шуд.

Умедворем, ки натиҷаҳои тренинги мазкур ва суҳбату мулоқотҳо барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Донишгоҳ мусоидат хоҳанд кард.