ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АБАРМАРДИ СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ ВА БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Дар шукӯҳи таърихи навини давлатдории тоҷикон, Ваҳдати миллӣ марҳилаи муҳимми сиёсӣ, рӯҳи эҳёгар, пояи адолат ва нидои умеду ормонҳои миллати сарбаланди тоҷик аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтани сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ — ин таърихи зиндаи эҳё шудани миллат пас аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва намунаи нодирест дар таърихи башарият.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 боиси фоҷиаи бузурги миллӣ гардид. Беш аз 100 ҳазор ҳамватан ҷон бохтанд, зиёда аз як миллион нафар аз ватани худ фирорӣ шуданд ва бештар аз 15 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ба кишвар ворид шуд. Вале бо қувваи иродаи мардум ва раҳнамоии абармарди миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари моро аз вартаи нестӣ ба роҳи давлатсозӣ ва пешрафт оварданд.

Таърих гувоҳ аст: Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, нуқтаи гардиши тақдирсоз шуд. Ин иҷлосия на танҳо роҳбарияти сиёсиро муайян кард, балки оғози роҳи ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллиро асос гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, нияти неку миллатдӯстӣ дар як вазъияти басо душвори сиёсиву иҷтимоӣ вазифаи пурмасъулияти давлатдориро ба уҳда гирифтанд ва изҳор доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!»

Ин нидо ба умед табдил ёфт. Музокироти сулҳ оғоз гардид. Дар давоми панҷ сол — аз 1994 то 1997 — нуҳ марҳилаи гуфтушунид доир шуд. Ва билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз ҳамин санад халқи тоҷикро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот дод.

Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.

Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ — аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — пайгирона амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.

Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки ба ҷомеаи мо нерӯи нав, рӯҳи бунёдкорӣ ва ҳисси ҳамдилӣ бахшид. Пешвои миллат доимо таъкид медоранд, ки: «Ҷавонон ояндасозони миллатанд!»

Ин андешаи пурмазмун бояд роҳнамои ҳар як ҷавони соҳибватан бошад. Мо — аҳли илм ва зиёиёни кишвар, вазифадорем, ки аҳамияти таърихии ваҳдатро ба насли нав бо масъулияти бузург фаҳмонем, то ин гавҳари нодир — сулҳу ваҳдат — ҳеҷ гоҳ коста нагардад.

Сулҳ ва ваҳдат калимаҳое ҳастанд, ки дар забони модарӣ чун нағмаи умед садо медиҳанд. Ин неъмат осон ба даст наомадааст. Барои ин, фарзандони ватандӯст ҷони худро нисор карданд, Пешвои миллат шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд, мардум муқовимат ва хештаншиносиро нишон доданд. Ин фидокориҳо бояд на танҳо ёд, балки ибрат бошанд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ дар қалби ҳар фарди ватандӯст ҷовидон аст. Он дигар як рӯйдоди таърихӣ нест — ин роҳи зиндагист, идеологияи рушд ва пояи як ҷомеаи адолатпарвар.

Сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо, нерӯгоҳҳо, роҳҳо, марказҳои илмӣ, варзишгоҳҳо — ин ҳама натиҷаи амалӣ шудани сиёсати сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар ҳақиқат, тавре ки Пешвои миллат таъкид доштанд: «Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи ваҳдати миллӣ расад».

Ваҳдат рамзи ҳастии миллат аст. Ба шарофати он, мо миллате дорем сарбаланд, давлати дорем устувор ва ояндае дорем умедбахш. Имрӯз, ки 28 сол аз рӯзи имзои Созишномаи сулҳ мегузарад, мо бо эҳсоси баланди ифтихор ва масъулият ба сӯи оянда қадам мегузорем.

Бо эҳтиром ва муҳаббати бепоён ба Ватан, ҳар як фарди кишвар бояд дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Зеро сулҳ ва ваҳдат ганҷи нодир ва мероси абадии миллат аст.

Ваҳдати миллӣ муборак, Тоҷикистони азиз!

Муродзода Умед – директори Парки технологии ДМТ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносӣ