27 ИЮН – РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27-уми июн санаи барои таҳкими соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ аҳаммиятнок мебошад. Таҷлили ин санаи таърихӣ ба санаи 27-уми июни соли 1997, дар Кохи Георгии Кремли Москва баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон алоқамандӣ дорад. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эътироф шуданаш, якчанд паҳлуҳои илмӣ-таҳлилӣ дорад.

Дар асоси сархати 5 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз 21 июли соли 2011, № 201, 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз рӯзҳои иди ғайрикорӣ мебошад.

Мувофиқи сархати 4 моддаи 82 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 июли соли 2016, № 1329, рӯзҳои иди ғайрикорӣ яке аз намудҳои вақти истироҳати кормандон буда, барои дарки дурусти ин рӯз дар оила, дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо замина мегузорад. Таҷлили ин рӯз инъикоси ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидиро дар ҷомеа ва давлат дошта, паҳлуҳҳои ҳуқуқӣ низ дорад.

Дарки дурусти ин рӯз дар он аст, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба осонӣ бадаст наомадааст. Бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ давлати навтаъсис бо душвориҳои зиёд дучор гардид. Дар он низоъҳои дохилӣ оғоз гардид ва хатари азбайн рафтани давлат аз эҳтимол дур набуд. 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд) Вакилони мардумӣ дар шароити барои давлат мураккаб, маҷмуи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие таҳия ва қабул гардид, ки барои таъсиси низоми ҳуқуқии миллӣ замина гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳалли худро пайдо кард.

Яке аз шаклҳои ифодаёбии иродаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат дар муттаҳидӣ, таъмини сулҳу суббот, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва волоияти ҳуқуқи инсон буд. Ӯ дар нахустин савганди худ иродаи сиёсии давлатро чунин иброз намуд: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. » Барои қонеъгардонидани ин эҳтиёҷоти сиёсӣ вай ба шаҳри Кобул ва деҳаи Хусдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон барои расидан ба сулҳу оромӣ сафар намуд ва дар он ҷо 19. 05 . 1995 Изҳороти муштарак қабул гардид, ки созиши хирадмандона маҳсуб мешавад, чунки:

Озод шавад ба ақл банда,

В – обод шавад ба ақл вайрон.

Кори хирад аст бозҷустан,

Аз ҳосили халқу чархи даврон… (Носири Хусрав)

Ҳамин тавр, баҳри қонеъгардонии эҳтиёҷоти сиёсӣ ба дигар тараф 21 маротиба музокира анҷом дода шуд, 40 санади муҳимми оштии миллӣ ба имзо расид. Санадҳои мазкур барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ замина гузошт. Чи тавре ки аз матни Созишнома бармеояд, сухан дар бораи санадҳои зери ҳуқуқӣ меравад: «Протокол оид ба принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17. 08 соли 1995 (замимаи якум); «Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ» аз 18 майи соли 1997 (замимаи дуюм); Созишнома аз рӯйи вохӯрии тарафҳо дар шаҳри Москва, аз 23. 12 .1996 (замимаи сеюм); «Протокол оид ба функсияҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ», аз 23 декабри соли 1996 (замимаи чорум); «Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ», аз 21 феврали соли 1997 (замимаи панҷум); «Протоколи иловагӣ ба «Протокол оид ба функсияҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ», аз 21 феврали соли 1997 (замимаи шашум); «Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ» (замимаи ҳафтум); «Протокол оид ба масъалаҳои муҳоҷирон», аз 13 январи соли 1997 (замимаи ҳаштум); «Протокол оид ба кафолати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», аз 28 майи соли 1997(замимаи нуҳум). Аз рӯйи омилҳои ҳуқуқии овардашуда, чунин хулоса намудан мумкин аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шартномаи дутарафа, консесуалӣ ва меъёрӣ буда, тарафҳои он бо ирода ва барои Ваҳдати миллӣ онро амалӣ намуданд. Дар бастани ин Созишнома нақши Созмони Миллали Муттаҳид ва баъзе аъзоёни он муҳим мебошад.

Бинобар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади муҳимми ваҳдатсоз чунин баҳо доданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд».

Тарафҳои Созишнома иқдоме намуданд, ки онро тибқи қисми якуми моддаи 102 Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Котиботи он бақайд гиранд. Мувофиқи меъёри зикршуда ҳамагуна шартнома ва ҳамагуна созишномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби ҳамагуна аъзои ин созмон басташуда, бояд дар мавриди муносиб дар Котиботи ин созмон бақайд гирифта шавад ва аз ҷониби он интишор шавад.

Дарки дурусти ин рӯз, аз ҳар як соҳибватан тақозо мекунад хотираро қувват диҳад, ба қадри сулҳу оромӣ ва устувории ҳаёти ҷамъиятӣ, ба қадри ҷомеаи мадании Тоҷикистон расанд.

Бо шукргузорӣ аз файзу баракати сулҳу суботи Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанони худро ба муносибати фарорасии 27 июн – рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям.

Шукрулло ҒАЮРЗОДА – мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор