ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта бо авҷгирии ғояҳои озодихоҳӣ, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ боқӣ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳу­ри­ҳои собиқи шуравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард.

Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт. Қумон­дон­­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд…

Насли куҳансолу миёнасол ва ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол ҳастанд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои шаҳру деҳоти замини биҳиштосои ҷумҳурии мо фақат борони яъсу навмедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андӯҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Аслан дар замири мардум умеди имконпазир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд.

Вале муддати на бештар аз панҷ соли роҳбарии фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон (шуруъ аз иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 27.06.1997) тавонистанд, ки ҳам ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшанд, ҳам барои бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чораҳои муассир андешанд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созанд. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон ҳамчун субъек­ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Оре, равшанӣ падид омад, тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмуъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ камари ҳиммат бастанд. Тули ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ ба банду бало раҳоӣ бахшид.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва сарвари тавоною ояндасоз дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ, тавонистанд масъулия­ти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ гуна ба решаи ташналаби шоҳбулути давлатдории навини тоҷикон оби ҳаёт зам мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби геополитикии ҷаҳон ва минтақа бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва консеп­си­яи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолияти густурдаи сулҳофаринӣ ва накӯҳамсоягиро муваффақона роҳандозӣ карда истода­аст. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар рӯёрӯи тамоми давлатҳои ҷаҳон вуҷуд доранд. Ҳамчунин бояд ба эътибор гирифт, ки неруҳои размандаи ваҳдатзудо ва миллатбадбин тобиши сиёсӣ додани масъалаҳоро дар атрофи ин масъалаҳо ва дигар ҳаводис аз мавқеи манфиатҷӯӣ суиистифода хоҳанд кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи ноҷавонмардонаи неруҳои мухолифин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд.

Фарҳанги Ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки таъмини бомароми стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихора­мон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гуна қувват, ҳатто бемории сироятии фарогир ҳам садди роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб нахоҳад шуд.

Хайрулло МИРЗАМОНЗОДА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ