Негматов Баҳодур Сафарович
Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ (муҳокима ва тафтиши судӣ), фаъолияти оид ба ҳифзи ҳуқуқ.
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022) сарфароз гардидааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: олии ҳуқуқшиносӣ
Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ – ро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтиши судӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ» ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 2010-2013 омӯзгори Академияи ВКД, аз соли 2013 то инҷониб ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Санаи таваллуд: 06.10.1987
Давлатов Бахтиёр Саидакбарович
Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: Соли 2012 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2023 дар мавзуи «Саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ» рисолаи номзадиашро дифо намуд.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Фаъолияти кориро солҳои 2013-2014 ҳамчун мутахассиси шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи ш. Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 2014-2015 аъзои Коллегияи адвокатҳои маслиҳатхонаи ш. Турсунзода; солҳои 2015 – 2024 ассистент, муаллими калони кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
28.10. соли 1988 таваллуд шудааст.
Сайфуллозода Унвониддин Абдулҳамид
Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Email: unvonidin@mail.ru
Телефон: +992 900-18-00-07
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта буда, муаллифи беш аз 25 маводи илмию тадқиқоти мебошад.
Мукофот ва унвон: Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Сипосномаи кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)», «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот
Соли 2015 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гирифтани пора ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2015 ӯ ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2023 то инҷониб муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2025 дотсенти кафедраи номбурда кор ва фаъолият менамояд.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 16.04.1993