Қоидаи қабули маводҳо барои интишор

       Дар маҷаллаи «Ҳаёти ҳуқуқӣ» мақолаҳо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ интишор мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои  худро дар шаклҳои чопӣ ва электронӣ ба Котиби масъули маҷалла  пешниҳод намоянд. Ҳаҷми асари профессорон, докторантҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва иқтисод то 16 саҳифаи андозаи А – 4 (1 ҷузъи чопии муаллифӣ), ҳаҷми асари дотсентон, аспирантон, магистрҳо ва инчунин донишҷӯёни соҳаҳои ишорашуда то 8 саҳифаи андозаи А – 4 (0, 5 ҷузъи чопии муаллифӣ) муқаррар гардида, бояд дар барномаи Microsoft Office Word бо риояи андозаи ҳуруф – 14, навъи ҳарф – Times New Roman Tj, фосилаи байни сатрҳо – 1,5, фосилаи воҳидӣ (одинарӣ), ҳошияҳо – 2, 5 тарҳрезӣ гардад.

         Аз боло бояд ному насаби муаллиф бо гузоштани аломати ишоракунанда дар охири саҳифаи аввал бо қайди мансаби ишғол намуда, унвон ва дараҷаи илмӣ (агар бошад) ва баъд аз он номи асар гузошта шавад. Ҳар саҳифа бояд дар поёни матн ва аз тарафи рост рақамгузорӣ шавад. Иттилооте, ки шахсияти муаллифро ифода мекунад, бояд эътимоднок бошад.

         Барои интишор маводе қабул карда мешаванд, ки қаблан дар дигар нашрияҳо чоп нашуда бошанд ва аз ҷониби яке аз аъзоёни ҳайати таҳририя барои чоп тавсия шуда бошад. Манбаи иттилоотӣ дар мавод бояд дар саҳифаи истинод зикр ва рақамгузорӣ гардида, ҷадвалҳо  бояд номгузорӣ карда шаванд. Асари тавсияшуда бояд бо калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шуруъ шавад ва дар охири асар бо забонҳои мазкур анотатсия ҷойгир гардад.

Дар саҳифаи охири асари тавсияшуда бояд имзои муаллифон ва дар саҳифаи охири асарҳои муҳаққиқони ҷавон имзои роҳбари илмии онҳо гузошта шавад.

Иттилооти заруриро оид ба тақдири асар муаллифон тавассути телефонҳои: 918 – 56 – 07 – 07 ё 935 – 10 – 38 – 62 пайдо карда метавонанд.

Суроғаи ҳайати таҳририя: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, бинои 11 ошёнаҳои 4-5, утоқи 521, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.