МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ МАСОИЛИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛИ ФАРОМИЛЛӢ

Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ  воҳиди сохтории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ менамояд.

 Фаъолияти Марказ ҳамчун қисми таркибии Донишгоҳ аз паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, таҳқиқи асосҳои илмии ҷорӣ намудани навоварӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ иборат мебошад.

 Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, таҳти №265 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ  ба роҳбарӣ мегирад.

ВАКОЛАТҲОИ МАРКАЗ

Марказ дорои ваколатҳои зерин аст:

– амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, бахусус факултетҳо;

– омӯзиши масъалаҳои мубрами муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– муайян кардани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– ташкили дурусти таҳияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи самаранокии онҳо;

– андешидани чораҳо дар хусуси истифодаи натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар такмили қонунгузории амалкунанда;

– манзур кардани пешниҳодҳои асоснок оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва чораҳои дигар оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҲУҚУҚҲОИ МАРКАЗ

Марказ дар доираи ваколатҳои пешбинишуда дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

– гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо коллекттивҳои меҳнатӣ, факултетҳо ва донишҷӯёни Донишгоҳ;

– нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва ба ин восита муайян кардани самтҳои мубрами муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– таҳияи номгӯи рисолаҳои хатм, магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– додани хулоса ва тақризҳои расмӣ оид ба мавзӯҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– омодаю таҳия кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мукаммал намудани қонунгузории амалкунанда;

– ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

– ташкилу баргузор намудани конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, семинарҳои илмӣ ва мизи мудаввар оид ба муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ.

Сардори Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – Исматов Рустам Абдусалломович.