Шуроӣ-илмӣ методии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Нақшаи кории Шуроӣ-илмӣ методии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026 бо қарори Шуроӣ-илмӣ методии факултети ҳуқуқшиносӣ аз 30.08.2025, №1 тасдиқ шудааст ба роҳ мондааст. Ҳайати Шуроӣ-илмӣ методии факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли ҷорӣ 14 нафарро ташкил медиҳад.
Муҳимтарин масъалаҳои пешбурди сифати таълим дар маҷлисҳои Шуроӣ-илмӣ методи мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд, ки иҷроиши онҳо барои тамоми кафедраҳои тахассусӣ ва субъектони раванди таълим ҳатмӣ мебошад. Санҷиши матни лексияҳо, саволномаҳои фаннӣ, саволномаҳои тестӣ, слайдҳо, нақшаҳо ва дастрас намудани нусхаи электронӣ ва ё чопии он ба донишҷӯён, тасдиқи барномаҳои корӣ ва силлабусҳои устодони факултет, азназаргузаронӣ ва баррасии тестҳое, ки барои қабули имтиҳонҳо пешниҳод мегарданд, чораандешӣ ҷиҳати боло бурдани нақши кафедраҳои амалкунандаи факултет дар самти истифодаи усулҳои нави фаъол ва инноватсионӣ дар раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён, натиҷагирӣ аз истифодаи самараноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар раванди таълим, санҷиши ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод аз ҷониби кафедраҳои факултет, воридшавии ба дарсҳои устодон ҷиҳати муайян намудани малакаи касбии онҳо аз қабили масъалаҳои муҳимтарини Шуроӣ-илмӣ методии факултет ба ҳисоб рафта, аъзоёни он баҳри боло бурдани сатҳу сифати таълим чораҳои дахлдорро меандешанд. Муфовиқи нақшаи кории тасдиқшуда моҳе як маротиба маҷлис гузаронида шуда, масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис оварда шудаанд мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
«Тасдиқ мекунам»
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор
___________________Мирзозода П.З. «______» ________________ соли 2025
Ҳайати Шурои илмӣ-методии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026
1. Ғаюрзода Ш.К.– Мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, раиси Шуро;
2. Каримзода Х.С. – Ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, котиби Шуро;
3. Мирализода И.Қ. – Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, аъзо;
4. Раҳимзода М.С. – муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзо;
5. Ҷалолов Х.Ғ. – Муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи низоми таҳсилоти кредитӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзо;
6. Шарифзода Ф.Ш. – Мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, аъзо
7. Раҳмонзода М.Ҷ. – Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,дотсент, аъзо;
8. Назаров А.Қ. – Мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, аъзо;
9. Файзуллозода А. – Ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ, аъзо;
10. Раҳмонзода Н.Д. – Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, аъзо;
11.Сулаймонзода М.С. – Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзо;
12. Қодиров Н.А. – Мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, аъзо;
13. Абдуллозода Б.В.– Ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, аъзо;
14. Мавлоназарзода О.А. – Мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзо;
Раиси Шурои- илми методӣ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаюрзода Ш.К.
«Тасдиқ мекунам»
Муовини аввал, муовини ректор оид
ба таълим, н.и.т., дотсент
_________________________Раҷабзода Ф.К.
«_______»_______________________2025с.
Нақшаи кори Шурои- илмӣ методи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026
№ | Номгӯи масъалаҳои баррасишаванда | Масъулон | Вақти баррасии масъалаҳо |
1. | 1. Тасдиқи нақшаи кории шурои методии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026 ва ҳайати он; | Раиси шуро ва аъзои он | Август |
2. Омодагии кафедраҳо ба соли таҳсили 2025-2026 (Омодагии матни лексияҳо, саволномаҳои фаннӣ, слайдҳо, нақшаҳо ва дастрас намудани нусхаи электронӣ ва ё чопии он ба донишҷӯён); | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Тасдиқи барномаҳои корӣ ва силлабусҳои устодони факултет; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
4. Баррасии тестҳо ва билетҳое, ки барои қабули имтиҳон пешниҳод мегарданд; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
6. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
2. | 1. Оид ба вазъи иҷрои корҳои таълимию методӣ, иҷроиши ҷадвалҳои дарсӣ, мавҷудияти барномаю силлабусҳо, истифодаи усулҳои нави фаъол ва инноватсионӣ дар раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён; | Раиси шуро ва аъзои он | Сентябр |
2. Тасдиқи мавзӯи рисолаҳои магистрӣ, дипломӣ, хатмкунӣ ва корҳои курсӣ, ки аз ҷониби кафедраҳо пешниҳод шудаанд; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
4. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
3. | 1. Бознигарӣ ва аз нав таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо бо назардошти нақшаҳои нави таълимӣ; | Раиси шуро ва аъзои он | Октябр |
2.Санҷиши ҷараёни ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод аз ҷониби кафедраҳои факултет; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3.Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
4. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, криминалистика ва фаъолияти экспертиза судӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
5. Масъалаи ҷорӣ | Раиси шуро | ||
4. | 1. Санҷиши рафти татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ, таъмини методии раванди таълим дар ин самт; | Раиси шуро ва аъзои он | Ноябр |
2. Санҷиши журналҳои гуррӯҳҳои академӣ бо мақсади мутобиқат намудани онҳо ба барномаву силлабусҳои кории устодон; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Доир ба вазъи мураттаб гардонидани саволномаҳои тестии фанҳои таълимӣ; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
4. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат; | Гурӯҳи корӣ | ||
5. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
6. Масъалаҳои ҷорӣ. | |||
5. | 1. Гузориш оид ба рафти навиштани рисолаҳои магистрӣ, дипломӣ ва хатмкунӣ дар факултет; | Раиси шуро ва аъзои он | Декабр |
2. Таҳлил ва муҳокимаи фаъолияти омӯзгорони ҷавони факултет; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи судӣ назорати прокурорӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
4. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
6. | 1. Тасдиқи барномаҳои корӣ ва силлабусҳои устодони факултет барои дарсҳои семестри баҳорӣ; | Раиси шуро ва аъзои он | Январ |
2. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
7. | 1. Санҷиши маводҳои таълимии устодон дар дарсҳои лексионӣ ва семенарӣ (Мавҷуд будани барнома, нақша ва силлабусҳои корӣ); | Раиси шуро ва аъзои он | Феврал |
2. Андешидани тадбирҳои муассир ва амалисозии чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати боло бурдани сифати таълим; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва назарияи давлат ва ҳуқуқ; | Гурӯҳи корӣ | ||
4. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
8. | 1. Воридшавии ба дарсҳои устодони факултет ҷиҳати муайян намудани малакаи касбии онҳо; | Раиси шуро ва аъзои он | Март |
2. Натиҷагирии фаъолияти кафедраҳои факултет дар самти таҳия ва нашри маводҳои таълимӣ; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
4. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Масъалҳои ҷорӣ | Раиси шуро | ||
9. | 1. Омодагии кафедраҳо ба Комиссияи аттестатсионии хатми соли таҳсили 2025-2026; | Раиси шуро ва аъзои он | Апрел |
2. Вазъи навиштани маводҳои таълимӣ ва вазифагузорӣ дар ин самт барои соли таҳсили нав; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
3. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
4. Тавсияи маводҳои таълимӣ ба нашр; | Раиси шуро ва аъзои он | ||
5. Масъалҳои ҷорӣ. | Раиси шуро | ||
10. | 1. Вазъи журналҳои гуррӯҳҳои академӣ ва мутобиқати онҳо ба барномаву силлабусҳои кории устодон; | Раиси шуро ва аъзои он | Май |
2. Баррасии вазъи таълимию методии кафедраи забонҳои хориҷӣ; | Гурӯҳи корӣ | ||
3. Гузориш оди ба натиҷаи фаъолияти шурои методии факултети ҳуқуқшиносӣ барои соли таҳсили 2025-2026; | Раиси шуро | ||
4. Масъалаҳои ҷорӣ. | Раиси шуро |
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода П.З.
Раиси Шурои- илми методӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаюрзода Ш.К.

