Бо мақсади таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба зиндагии солим ва фаъолона имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманди масъулини раёсати тарбияи донишгоҳ, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо донишҷӯёни соли аввали факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Дар ин мулоқот, ки бо ширкати донишҷӯёни соли аввали факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор шуд, масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла: таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва татбиқи муташаккилонаи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар суханрониҳои худ зикр намуданд, ки ҷавонон, махсусан донишҷӯён, ҳамчун неруи созандаи ҷомеа бояд ҳушёру зирак бошанд, худро аз таъсири идеологияҳои бегона ва хатарнок эмин нигоҳ доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми таблиғоти ифротгароӣ наафтанд. Онҳо бо мисолҳои воқеӣ аз таҷрибаи кории худ ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва оқибатҳои талхи он барои худи онҳо ва ҷомеа шарҳ доданд.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки Стратегияи мазкур як санади муҳимми давлатӣ ҷиҳати пешгирии хатарҳои идеологӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Барои татбиқи ин ҳуҷҷат, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоят зарур аст.
Дар навбати худ, роҳбарияти раёсати тарбияи донишгоҳ ва садорати факултет таъкид доштанд, ки донишҷӯён бояд, пеш аз ҳама, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошанд, қонунҳои амалкунандаи кишварро риоя намоянд ва ҳамчун мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузоранд.
Дар поёни вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва масъулон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он ҷавонон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас ва муфид гирифтанд.
Чунин чорабиниҳо на танҳо воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷавонон мебошанд, балки барои тақвияти робита миёни муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.