(дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ)
Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷаҳони муосир бо мушкилоти зиёду печида рӯ ба рӯ шудааст: тағйирёбии иқлим, камбизоатӣ, низоъҳои мусаллаҳона, поймол шудани ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳдидҳои нав ба амнияти ҷаҳонӣ. Дар чунин шароит, зарурати таҳкими асосҳои сулҳу ҳамзистии осоишта бештар эҳсос мегардад. Дар ин раванд, Тоҷикистон боз як иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба миён гузошт – пешниҳоди эълон намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Муаллифи ин ташаббуси таърихӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар нишон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти башарӣ бетараф нест.
Маърифати ҳуқуқӣ, ё худ огоҳии мардум аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, пояи асосии давлатдорӣ ва адолати ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Агар ҷомеа дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ бошад: ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз мегарданд; эҳтиром ба қонун таҳким меёбад; замина барои сулҳу субот фароҳам мешавад.
Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки бо эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи бештар ба ин арзиши умумибашарӣ зоҳир кунад. Ин иқдом метавонад ба таҳкими шаффофият, адолат ва ҳамзистии осоишта дар саросари ҷаҳон мусоидат намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом на танҳо як рамз, балки барномаи амалии давлатӣ буд, ки боиси тағйироти ҷиддӣ дар ҷомеа гардид: сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд шуд; сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт; теъдоди ҳолатҳои талоқ ва муноқишаҳои оилавӣ кам гардид; эҳтиром ба қонун таҳким ёфт.
Натиҷаҳо ба таври возеҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф шуданд. Мувофиқи рейтинги байналмилалии Gallup, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар қатори кишварҳои аз ҳама бехатари ҷаҳон ҷойи дуюм гирифт. Ин нишондод ба ҷомеаи байналмилалӣ собит сохт, ки ибтикороти миллӣ, агар бо хирад ва сиёсати дурандешона роҳбарӣ шаванд, метавонанд ба дастовардҳои воқеӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба як пешоҳанги ташаббусҳои глобалӣ табдил ёфтаанд. Иқдомҳои таърихии Тоҷикистон, аз қабили: Эълони «Соли байналмилалии об», «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”», пешниҳоди «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ҳама дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Акнун бошад, пешниҳоди эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳо буда, собит месозад, ки Тоҷикистон барои сулҳи ҷаҳонӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқии байналмилалӣ нақши созанда ва роҳнамо дорад.
Эълони чунин сол аз ҷониби СММ:
1. Фарҳанги ҳуқуқиро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшад – давлатҳо водор мегарданд, ки барномаҳои омӯзишӣ ва маърифати ҳуқуқиро амалӣ намоянд.
2. Поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро коҳиш медиҳад – ҷомеа бештар ба риояи қонунҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ мекунад.
3. Ба рушди устувор мусоидат мекунад – зеро ҳуқуқу адолат пояи амнияти ҷамъиятӣ ва пешрафти иқтисодӣ мебошанд.
4. Муколамаи тамаддунҳо ва ҳамкории давлатҳоро таҳким мебахшад – бо роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ихтилофот ҳал мегарданд.
Тоҷикистон, ки аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва адолатро пеш гирифт, имрӯз бо пешниҳоди ин иқдом таҷрибаи таърихии худро ба ҷаҳон пешниҳод мекунад.
Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо тавонист аз оташи ҷанги дохилӣ ба фазои сулҳу субот бирасад. Аз ин рӯ, пешниҳод намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки таҷассумгари таҷрибаи нодири сулҳоварии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қадами бузурге дар роҳи таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ, адолат ва сулҳи ҷаҳонӣ аст. Ин ташаббус, ки бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мехӯрад, на танҳо барои имрӯзи башарият, балки барои наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад.
Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо, сарфи назар аз андозаи ҷуғрофӣ ё иқтидори иқтисодӣ, метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассир ва роҳнамо дошта бошад. Ин иқдом нишонаи возеҳи он аст, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, адолат ва маърифати ҳуқуқӣ мебошанд.
МУРОДЗОДА Умед – директори Парки технологӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ