Имрӯз дар меҳмонхонаи HAYAT REGENCY-и шаҳри Душанбе Муколамаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинии сатҳи баланд донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври фаъолона ширкат варзида, дар мубоҳисаҳо ва баррасии масоили муколама саҳми назаррас гузоштанд.
Чорабинӣ ба ҳайси як минбари муҳими муколамаи созанда ва ҳамкориҳои судманд хизмат намуд, ки дар он масоили калидии замони муосир – аз ҷумла рақамикунонӣ ва ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.


Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ зимни иштирок дар гурӯҳҳои корӣ ва муҳокимаҳо андешаҳои худро оид ба таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ, густариши фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ иброз намуданд.
Ин ҳамкориҳо ва гуфтугӯҳои судманд заминаи таҳкими таҷрибаи амалӣ ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии донишҷӯёнро фароҳам оварда, ба онҳо имконият доданд, ки бо равандҳои муосири ҳифзи ҳуқуқи инсон, раванди рақамикунонӣ ва ташаккули баробарии гендерӣ аз наздик ошно гардида, малакаи иштирок дар муҳокимаҳои сатҳи баландро аз худ намоянд.
Иштироки фаъоли донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар чунин чорабиниҳо далели равшани он аст, ки ҷавонони кишвар омодаанд масъулиятҳои иҷтимоӣ ва касбии худро дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва татбиқи баробарии имкониятҳо ба дӯш бигиранд.