Сатҳи таълиму тарбия ва нуфузи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди роҳбарияти Донишгоҳ ба сатҳи нав расида, яке аз нишондиҳандаҳои он иштироку ғолибияти пайвастаи донишҷӯёну устодон дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи миллию байналмилалӣ маҳсуб мегардад.
5 сол боз инҷониб бо дастури бевоситаи Президенти Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалии амнияти молиявӣ ташкилу баргузор мегардад, ки дар он иштирокчиёни зиёд аз манотиқи гуногуни олам ширкат меварзанд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тӯли 3 сол дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
29 сентябр то 3 октябри соли 2025 дар шаҳри Красноярск, дар заминаи Донишгоҳи федералии Сибир V Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба амнияти иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 600 иштирокчӣ аз 40 давлати дунё миёни ҳам рақобат намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯйи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Шарипов Зафар дар Олимпиадаи мазкур дар бахши ҳуқуқ иштирок намуд ва бори аввал дар таърихи иштироки Донишгоҳ дар озмуни мазкур сазовори мақоми дуюм гардид.
Дар маросими бошукӯҳи ҷоизасупории ғолибон Шарипов Зафар аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Дипломи дараҷаи II ва тӯҳфаҳои қиматнок сарфароз гардонида шуд.
Дастоварди мазкур нишондоди бесобиқа маҳсуб гардида, боиси ифтихору сарфарозии куллии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Натиҷаи таърихӣ муборак!

