Тартиби қабул барои маълумоти дуюм

1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.

2. Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил баъди муайян намудани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ (вобаста ба мувофиқат кардани тахассус) муқаррар мегардад, ки он амалан омӯзиши фанҳои тахассусиро дар бар мегирад. Баъди аз суҳбат-озмун гузаштани довталаб раёсати таълим фарқиятҳои нақшаи таълимро вобаста ба талаботи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳӣ муайян намуда, ба комиссияи қабул пешниҳод месозад.

3. Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон боназардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо чунин шакли қабулро ба роҳ мемонад;

  •  бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси сеюм;  
  •  бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси дуюм.    

4. Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:  

  • ариза ба номи ректори донишгоҳ;
  • дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);  
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият;   

5. Фармоиши ректори донишгоҳ барои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ на дертар аз 15 рӯз пас аз гузаштани суҳбат дар асоси қарори комиссияи қабул бароварда мешавад.

6. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.  

7. Дар сурати  қаноатманд набудан аз озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишгоҳ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 2 рӯз тариқи апеллятсия шинос шавад.

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, «Шаҳраки донишҷӯён», бинои №10, комиссияи қабули ДМТ.