НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ ва устодони факултети ҳуқуқшиносӣ вохӯрии судманд бо донишҷӯёни факултети мазкур баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар мавзуи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва аҳаммияти баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ дар шаҳри Душанбе доир шуда, ба тарбияи маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии ҷавонон бахшида шуд.

Дар оғози вохӯрӣ, масъули шуъбаи ҷавонон доир ба муҳимтарин арзишҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ин арзишҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сутунҳои асосии сиёсати давлатӣ арҷгузорӣ мегарданд.

Қисми асосии чорабинӣ ба шарҳи ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ бахшида шуд. Мавқеи Тоҷикистон ҳамчун мизбони ин ҳамоиши муҳимми сатҳи байналмилалӣ нишондиҳандаи эътимоди комили кишварҳои узви ИДМ ба сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои Пешвои миллат арзёбӣ гардид. Ин ҳамоишҳо на танҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни давлатҳои аъзои ИДМ муҳим мебошад, балки барои муаррифии бештари Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну ором ва дорои имкониятҳои рушди устувор низ замина фароҳам меорад.

Ҳамзамон, нақши Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаббус ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ бо ифтихор зикр гардид. Таъкид шуд, ки соҳибистиқлолии кишвар ва рушди устувори он маҳз ба шарофати роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои нуфуз муаррифӣ менамояд.

Дар интиҳои вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва намояндагони масъул суҳбати озод ва пурсишу посух сурат гирифта, иштирокчиён андешаву пешниҳодҳои хешро дар бораи роҳҳои таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон баён доштанд.