Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷиноят ва ҷазо»-и назди     кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия

Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷиноят ва ҷазо»-и назди  кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназдарсии таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Он бо ташаббуси устодони кафедра ва бо дастгирии роҳбарияти факултет таъсис ёфта, ҳадаф дорад муҳити илмиву маърифатиро миёни донишҷӯён тақвият бахшад ва заминаи воқеӣ барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ҳуқуқ ва банду басти ҷиноятҳо фароҳам оварад.

Маҳфил ҳамчун як майдони озоди фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами ҷинояту ҷинояткори ва баҳои дурусти ҳуқуқи додан ба ҷиноят, муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо донишҷӯён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки таҷрибаи амалии худро  низ инкишоф медиҳанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Аъзои маҳфил мавзӯъҳои тадқиқотии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии устодон таҳқиқ мегузаронанд, натиҷаҳои онро дар шакли мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо ва корҳои курсӣ пешниҳод мекунанд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои методологӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба кори мустақилона ва таҳлилӣ омода месозад.

Илова бар ин, маҳфил ҳамасола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳа мегузорад. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.

Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқотӣ ва баромадҳои илмӣ фаъоланд, аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия дода мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи маҳфил курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, намояндагони сохторҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи амалии донишҷӯёнро густариш медиҳанд.

Фаъолияти маҳфили «Ҷиноят ва ҷазо» ба таҳкими робитаи илмӣ ва ҳамкории созанда миёни устодон ва донишҷӯён мусоидат  мекунад. Он на танҳо як воситаи иловагии омӯзиш, балки мактаби воқеии илм, таҳқиқ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо фаъолияти худ маҳфил ба ташаккули шахсиятҳои соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ кумак расонда, ба тарбияи насли наве мусоидат менамояд, ки қодир аст арзишҳои давлатдории миллӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро дар амал татбиқ намояд.

Дар маҷмуъ, маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷиноят ва ҷазо»  на танҳо як шакли ташкилотии кори илмии донишҷӯён, балки муҳити зиндаи андешаву ташаккули шахсиятҳои илмӣ мебошад, ки ба рушди илмии факултет ва боло бурдани сатҳи огоҳии  ҳуқуқии дар самти баҳо додан ба ҷиноят ба  ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Маҳфили илмии донишҷӯёни «Ҷиноят ва ҷазо» назди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияии факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола фаъолият намуда,  ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими таълимӣ ва илмӣ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи-ҷиноятӣ саҳми назаррас мегузорад. Ҳадафи асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва инкишофи тафаккури таҳлилӣ дар соҳаи ҳуқуқи-ҷиноятӣ мебошад.

Ҳар сол дар доираи фаъолияти маҳфил зиёда аз 12 маротиба ҷаласаҳои доимӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 40 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Мавзӯъҳои баромадҳо асосан ба масъалаҳои бандубасти ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амниятӣ ҷаъмити ва ғайра   бахшида мешаванд.

Ҳамасола маҳфил ба ифтихори рӯзҳои муҳими давлатӣ ва таърихии кишвар чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ маҳфилҳои илмӣ ва барномаҳои идона доир мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва суханрониҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳар баҳор, анъанавӣ дар моҳи апрел, маҳфил бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни факултет конференсияи илмии донишҷӯён баргузор менамояд. Дар рафти он беҳтарин маърӯзаҳо пешниҳод ва муҳокима мегарданд, ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва китобҳо қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамасола маҳфили илмии «Ҷиноят ва ҷазо» дорои зиёда аз 35 аъзо мебошад, ки аз миёни донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 интихоб мешаванд. Аъзои фаъоли маҳфил дар конференсияҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ҳамасола иштирок намуда, дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии факултет саҳми арзанда мегузоранд.

        «Тасдик мекунам» Протоколи №__1__аз ___30.08.25_                                                                                                Мудири кафедра, дотсент                                  __________Раҳмонзода М.Ҷ.   
Нақшаи  кории маҳфили илмии донишҷӯён «Ҷиноят ваҶазо»-и назди кафедраи «Хукуки ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия »- и факултаи  ҳуқуқшиносии  ДМТ дар соли хониши 2025 – 2026     
Номгӯи мавзӯъ  Мӯҳлати иҷроишИҷрокунандагонМуттасадиён 
 Кушодашавии конфронси илмӣ назариявӣдар моҳи сентябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.Р Донишҷӯи курси 3.01, басти 1. Ва аъзоёни махфилРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфилҳои ҷорӣ ва тасдиқи маърӯзаҳои донишҷӯёндар моҳи сентябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфилхои ҷори.дар моҳи октябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфилхои ҷоридар моҳи октябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфилхои чоридар моҳи ноябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфил дар бораи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистондар моҳи ноябрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Ҷамъбасти маҳфили илмӣ-назариявӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 Ҳисоботи нимсолаи якуми конфронсидар моҳи декабрРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Ифтитоҳи маҳфили илмӣ-назариявӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2026дар моҳи февралРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфилҳои ҷорӣдар моҳи мартРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Гузаронидани маҳфили илмӣ-назариявии апрелӣ:дар моҳи апрелРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Интиҳо бахшидани маҳфили илмӣ-назариявии «Ҷиноят ва Ҷазо»дар моҳи майРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 
 Ҳисоботи кори яксолаи МИД-и назди кафедраи «Хукуки ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия» дар ҷаласаи Шӯрои ҶИД-и факултети ҳуқуқшинсии ДМТдар моҳи июнРаиси МИД-и ҶИД Исмоилов А.РРоҳбари МИД аз кафедра  асс. Исматов Р.А 

   Роҳбари маҳфили МИД-и назди кафедраи

  «Хукуки ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия»,        асс. Исматов Р.А