ВОХӮРИИ СУДМАНДИ НАМОЯНДАГОНИ БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ДУХТАРОНИ ДМТ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲ

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии донишҷӯдухтарон, ташаккули одоби муошират ва тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мегардад.Таъкид гардид, ки донишҷӯдухтарон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа бояд дар самти омӯзиш, фарҳанги либоспӯшӣ, муоширати мутақобила ва риояи меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ намунаи ибрат бошанд.