КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ СУБОТИ КИШВАР

Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд, зеро конститусияҳои қаблӣ аз ҷониби намояндагони мардумӣ дар парламент қабул гардида буданд. Яъне халқи тоҷик бо роҳи ифодаи озодонаи мавқеи худ аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуда, барои эъмори пойдевори ҳуқуқии давлати мустақили демократӣ ва дунявии Тоҷикистон асоси мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо яке аз дастовардҳои волотарини кишварамон ин қабули муҳимтарин санади ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри бист бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳилаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки қабули “Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон” дар солҳои 1990-1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни Асосиро суръат бахшиданд.

Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87% шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян намуданд. Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, ҳуҷҷати қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамоҳои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, он ҳамчун шиносномаи миллат барои шинохти давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои инкишофи давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир гузошт. Бо татбиқи меъёрҳои Конститутсия, шароит фароҳам омад, ки идораҳои давлатӣ муътадил фаъолият намоянд, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимкунандаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, муайянсозандаи роҳи дурахшони миллати сарбаланду баруманди тоҷик барои садсолаҳои оянда мебошад. Дар Конститутсия муҳимтарин арзишҳои башарӣ аз қабили: қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан; ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан; дӯстии халқу миллатҳоро эътироф намудан ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ донистан дарҷ гардидааст.

Ин санади олии ҳуқуқӣ майлу иродаи мардуми масъулиятшинос, таҳаммулпазир, бунёдкунандаи ҷомеаи адолатпарвар ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи Тоҷикистонро ифода намуд, ки омили муҳим ба ҳисоб меравад. Чунки дар шароити муосир ягон давлату миллат дар алоҳидагӣ, бе робитаю ҳамкориҳои мутақобила бо ҳамдигар, наметавонанд ба инкишоф ва пешравиҳо ноил гарданд. Аз ин рӯ, бо меъёрҳои конститутсионӣ сиёсати Тоҷикистон дар самти муносибатҳои хориҷӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару эҳтиромкунандаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муайян гардид.

Натиҷаи татбиқи ин меъёри конститутсионӣ аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шуда, давлатҳои дунё бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Минбаъд дар ин замина пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушод” барои боз ҳам инкишофу тараққиёти Тоҷикистон имкониятҳоро фарохтар намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз намуда буданд, “Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Маҳз тавассути ни санади тақдирсоз ва роҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тарақиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷиистон шурӯъ шудааст. Муқаддимаи Конститутсия бо суханони “Мо халқи Тоҷикистон,…ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем” оғоз меёбад. Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо назардошти бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ба сифати “баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ” эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гуруҳе ва ё фарде манъ кард.

Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти рушди ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълом дошт ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд.

Конститутсия Тоҷикистонро давлати воҳиду ягона эълон намуда, шакли идораи ҷумҳуриро аз роҳи эътирофи Президенти Ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси ҳукумат истеҳком бахшида, ҷумҳурии навъи президентиро муайян кард.

Мутобиқи ин навовариҳои конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллӣ ва амалияи демократисозии давлату давлатдорӣ таъсири файзбахше расонид.

Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсози ҳар халқу миллат мебошад. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Бояд тазаккур намуд, ки эътибори олии ҳуқуқӣ доштан ва мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия ва эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳою дигар санадҳои ҳуқуқии хилофи он, ҳамчун меъёрҳои асосии таъминкунандаи волоияти Конститутсия муқаррар гардид. Ин ду аломати тавсифкунанда афзалияти қувваю эътибори меъёрҳои Конститутсияро нишон медиҳад. Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон дастоварди миллї буда, муқаддасоти миллї, андешаи давлатдории миллї истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.

Бояд зикр намуд, ки Конститутсия маҳсули тафаккури инсонӣ буда, дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ин ҳолат дар таҷрибаи давлатдории навини мо ба мушоҳида расид. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони бесарусомонӣ ва нооромиҳои мамлакат қабул гардида буд, бо гузашти давраи муайян се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки он барои боз ҳам мустаҳкам гардидани волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз намуда буданд, “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт”.

Дар баҳои ин ҳама дастовардҳои бузургу нодир ва гаронбаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳар яки моро мебояд, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафтагардонии сарзамини аҷдодӣ даъват намоем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои давлату ҷамъият гирем, воло будани манфиатҳои давлату ҷамъиятро пайваста эҳсос намоем, дар ҳифз ва риояи ҳар як меъёри Конститутсия ҷаҳду талош намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.

Пирова Гулафзо Сайфидиновна – ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон