НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Мавҷудияти давлатҳои мустақилу мутамаддин дар замони муосир бидуни доштани Конститутсия ғайриимкон аст. Зеро маҳз тавассути Конститутсия пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва самти рушди он муайян мегарданд.

Истиқлоли давлатӣ барои мо тоҷикон имкон дод, то ки тавонем сиёсати дохилӣ ва хориҷии хешро бо баинобатгирии манфиатҳои давлативу миллии хеш ба роҳ монем. Истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки бо ибтикороту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати таърихии тоҷик санаи 6-уми ноябри соли 1994 бо иродаи бевоситаи хеш Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли хешро қабул намоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқӣ тавонист пояҳои Истиқлоли давлатии моро таҳким бахшида, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон асоси устувори ҳуқуқӣ гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баинобатгирии беҳтарин арзишҳои ҷомеаи мутамаддин таҳия ва қабул карда шудааст, ки аз ҷониби коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланди ҳуқуқиро гирифта, дар радифи Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтааст, ки боиси ифтихормандии ҳар яки мо тоҷикон ба ҳисоб меравад. Қарор гирифтан дар радифи Констиутсияҳои панҷгонаи беҳтарин дар миёси ҷаҳон боиси ифтихормандии ҳар яки мо тоҷикон ба ҳисоб меравад. Зеро новобаста аз оне, ки дар вазъияти ногувории сиёсии кишвар қабул гардида бошад ҳам, имрӯз мақоми баландро соҳиб гардидааст. Ҳолати мазкур бори дигар собит намуд, ки мо тоҷикон дар саргаҳи тамаддунофарӣ қарор дорем, зеро дар таърихи башарӣ нахустин Эъломия оид ба ҳуқуқи инсон маҳз аз тарафи фарзанди баруманди тоҷик Куруши Кабир қабул гардидааст. Агар ба таҳлили муқоисавии ин санади нодири таърихии Куруши Кабир бо замони муосир пардозем, бевосита меъёрҳои онро, имрӯз дар қонунгузории аксарияти давлатҳои демократӣ мушоҳида намуд.

Имрӯз нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионии он, муқаррар кардани падидаи шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзӣ-давлатӣ ва марзию маъмурӣ, ҷомеаи маданӣ, рамзҳои давлатӣ, муайян кардани низом ва тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳоқимияти давлатӣ ва ғайра хеле муҳим мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ пайдошиши давлатдории миллии Тоҷикистонро на фақат ба расмият даровард, балки заминаи устувори рушди онро муайян намуда, фарогири манфиатҳои тамоми қишри ҷомеа мебошад ва онро кафолат медиҳад.

Дар воқеъ Конститутсияи мо воқеъӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд ва мустақимии он дар он аст, ки тибқи қ.1 м.9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, ки низоми таснифбандии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муқаррар намудааст, Конститутсия мақоми аввалро касб менамояд. Ҳамзамон, бевосита дар моддаи 10 Конститутсия оварда шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамзамон, яке аз нишонаҳои фарқкунандаи он дар он аст, ки бевосита аз ҷониби худи мардум қабул карда шудааст ва он ормонҳои деринаи халқи тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Ворид намудани тағйирот ба ин санад маҳз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Бо мақсади ҷавобгӯ будан ба талаботи замони муосир Конститутсияҳо тақозо менамояд, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, такмил бахшида шаванд. Аз ҷумла, дар Конститутсияи мо низ се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамаи тағйиру иловаҳои воридкардашуда ба хотири беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари азизамон равона карда шудааст.

Дар Констиутсия тамоми рукнҳои давлатории миллӣ мустаҳкам карда шудаанд. Аз ҳама дастоварди муҳимми Конститутсия дар он аст, ки инсон ва ҳуқуқу озодҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эълон намуда, масъулияти таъмини онро бар дӯши давлат ва мақомотҳои ӯ вогузор намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Зиёда аз 3/1 меъёрҳои Конститутсия ба ҳуқуқу озодҳои инсон бахшида шудааст, ки аз фарогирии он шаҳодат медиҳанд, ки онҳоро давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ҳамзамон, тавозун минёни манфиатҳои шахс ва давлат бо воситаи Конститутсия дар ҷомеаи мо ба танзим дароварда шудааст, ки давлат дар назди шахс уҳдадориҳои муайянро доро буда, дар навбати худ шахс низ дар назди давлат аз як қатор уҳдадориҳо вобаста мебошад.

Агар дастовардҳои усулии замони соҳибистиқлолии кишварро таҳлил намоем, онҳо таҳти сиёсати хирмадмандони Пешвои маҳбуби мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати танзими муътадили муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ бо воситаи меъёрҳои Конститутсияи кишвар ба мо даст доданд.

Пас моро месазад, ки бо мақсади рушду пешрафти Тоҷикистони азиз, таъмини волоияти қонун, тақими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба риояи бомароми меъёрҳои Конститутсия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърифати ҳуқуқи шаҳрвандони хешро боз ҳам боло бардорем ва бадин васила метавонем, ки ба дастовардҳои аз ин ҳам дида беҳтар шарафёб гардем.

Қосимов Фаррух Абдулмуминович, д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ