Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки бахтномаи кишвари мо 31 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти мутлақи ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатдорӣ ва мутантан таҷлил карда мешавад. Зеро бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омада, дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5 он омадааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Конститутсия аслан ҳуҷҷати таърихӣ маҳсуб меёбад. Гарчӣ давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Тавре ки аз таърих медонем истилоҳи конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маъмул гардида буд. Аммо он замонҳо баъзан аз санадҳои муҳиммтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори марзӣ-давлатӣ марбутаро ба танзим медароварданд, чунин номида мешуданд. Бинобар ин дар як вақт чандин конститутсияҳои мухталиф амал мекарданд. Ҳамзамон, дар бархе аз мамолики Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷудият доштанд. Аммо дар шакл ва мазмуни муосири худ бошад Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазӣ пайдо гардид. Феълан дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.
Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, махсусан занонро ҳимоя менамояд.
Бо шарофати қонуни асосии давлат дар ҷумҳурӣ тамоми табақаҳои аҳолӣ новобаста аз миллияту ҷаҳонбинӣ ва мутаалиқ будан ба ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, озодона ва баробар кору фаъолият намуда, дар ҳамаи шохаҳои мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти қонунгузор фаъолона иштирок менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад. Ҳамчунин ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми шарафманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.
Конститутся тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Ҳамчунин, бо дарназардошти аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеаро муайян месозад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон баҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ пазируфта шуда бо зиёда аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуд. Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун – эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум сулҳу суббот ва оромию осоиштагиро фароҳам овард. Мардуми шарафманди Тоҷикистон шукрона аз он мекунад, ки дар чунин як давлати орому осоишта зиндагӣ ба сар бурда, дорои бахтномаи миллат мебошад.
Абдуллозода Баҳодур,
устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
