ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Баъд аз ҳазору сад сол ба миллати тоҷик муяссар гардид то дубора давлатдории худро бунёд гузорад. Миллати тоҷик ҳазорҳо сол зери давлатдории дигарон умр ба сар бурд, аммо ҳувияти худро гум нанамуд. Маҳз сарвари давлат ба ҳайси муаррифигари ҳувият ва эҳёгари давлатдорӣ шинохта шуд. Президенти кишвар асосгузори пирузиест, ки баъд аз ҳазор сол ба даст омад. Ин роҳбари бовиқор дар таъсиси ҳукумати конститутсионӣ ва тасдиқи як қатор принсипҳои давлатдорӣ такя ба орзуҳои чандинасраи миллати тоҷик намуда, тавонист онро аз сари нав зинда гардонад.

Сарнавишт доимо миллати тоҷикро ба сахтиҳо имтиҳон намудааст. Ин буд, ки ҳангоми аввалин маротиба соҳибистиқлол гардидани давлат ба сияҳкорие чун ҷанги бародаркуш кашида шуд. Масъалаи ҳастии минбаъдаи миллати тоҷик бевосита ба ҳалли ин масъала ва ором намудани вазъият алоқамандӣ дошт. Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон, муайян намудани роҳи минбаъдаи пешрафт, ҳифз намудани манфиатҳои миллат барои ба танзим даровардани муносибатҳои давлатдорӣ ва муътадил гардонидани вазъияти он вақта роҳбарияте лозим буд, ки тавонад арзишҳои давлатдориро ҳифз намояд. Мардум дар интихоби роҳбар дар мансаби он вақта Раиси Шурои Олӣ умеде барои зиндагӣ барқарории вазъияти ба миён омадаро медонистанд. Сарнавишт ин масъулиятро ба души Пешвои муаззами миллат гузошт. Корсозии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвар аз мураккабтарин вазъият баромада тавонист. Пешвои миллат дурахшонтарин чеҳраҳое мебошад, ки паёмҳои миллати тоҷикро дар ҷаҳон интишор намуд. Фаъолияти Пешвои миллат давра ба давра дар пайванди мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва ҳадафҳои бузург ба як низоми неруманд мубаддал гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дурахшондатарин чеҳра мебошад, ки паёми миллии тоҷиконро дар маснади ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Зеро ҳодисаҳои таърихӣ ва дастовардҳои сиёсии халқ шаҳодат медиҳад, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ вакилони халқӣ хато накардаанд. Вақте ки дар бораи Иҷлосияи таърихии тақдирсоз сухан мегуем, дар ҳаёти ҷомеа моро зарур аст, ки масъалаи иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин, аҳаммият ва зарурати ҳифзи ин неъмати муқаддаси халқамонро аз мадди назар дур насозем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар мавриди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он Иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи поки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».

Дуруст муайян намудани ормон ва нияти халқ дар фаъолияти идора намудани давлат, ки муносибати давлат бо мардум аз он маншаъ мегирад, аз рӯзҳои аввал баръало муайян буд. Роҳбари ҷадид ҳаққи худмуайянкунии халқро муайян намуда буд, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуд, чун тарғибгари демократия иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайваст дод ва асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён гузошт. Дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз равшан нест, истилоҳи «Давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Гоҳе бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо низ дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо гардид ва ҳамаҷониба рушд намуд. Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ неруе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллии онро зери шубҳа гузорад.

Муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу ваҳдат натиҷаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбарияти хирадмандона, самимияти беназир ба мардуми худ, ҳамкорӣ дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки ариши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи ҳалли низоъҳои дохилӣ мебошад. Таҷрибаи давлатдории мо тоҷикон дар роҳи расидан ба истиқрори миллӣ ва сулҳу суботи дохили давлатӣ имрӯз чун намуна дар минбарҳои Созмони Милали Мутаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо намунаи нодири сулҳофарӣ арзёбӣ мегардад. Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баён шуда, тамини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Дар асоси сулҳу суботи кишвар заминаи мусоид барои рушди кишвар дар ҳама марҳилаҳои зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Тоҷикистон то кунун марҳилаи кӯтоҳ вале пурмасъулияту сарнавиштсозро пушти сар кардааст. Бузургтарин дастоварди Роҳбари хирадпешаамон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт. Бо қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар ин муддат воқеан ҳодисаҳое рух доданд, ки барои таърихи давлати тоҷикон, сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти воқеан таърихӣ дорад.”

Дар роҳи пурпечутоби таърихӣ Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошҳову муборизаҳои фидокоронаи халқи тоҷик мебошад. Қарзи имонии мо ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ аст, ки имрӯз дар баробари шукрона овардан ва ифтихор кардан аз давлати худ тамоми кӯшишро ба хотири тақкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллӣ ва ободии ватан сафарбар намоем. Набояд гузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва таассубу тахрибкорӣ бахусус ҷавонон нуфуз пайдо намояд. Чунки сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди устувори давлат мебошад.

Саҳми ватандӯстдоронаву фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ, рушди низоми давлатдорӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, рушди энергетикӣ ва саноатикунонӣ дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, забону фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намудани адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик бағоят бузургу беназир аст.

Эмомалӣ Раҳмон поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ мебошад. Зеро замоне, ки уҳдадории давлатро ба дӯш гирифт, ягон поя ва ё заминае барои пешрафти давлату ҳукумат мавҷуд набуд. Ҳама дар ҳоли ҷангзадагӣ қарор доштанд. Ба бахти миллати куҳанбунёди миллати тоҷик, ба саодати давлати тозабунёд ва сиёсати Пешвои миллат дубора миллати мо эҳё гардид. Сарвари навинтихоб намудаи тоҷикон тавонист дар як муддати кутоҳ асосҳои муҳими давлатдориро эҳё намуда, шиддати ҷанги шаҳрвандиро дар ҳам шиканад. Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки таҷрибаи давлатҳои хориҷиро аз истифода холӣ надонист. Бозгашти гурезагон, оташбаси саросарӣ, ободсозии харобаҳои ҷанг ва дигар корҳои муҳиме, ки роҳбари давлат барои миллати тоҷик дар он замон нақши асосӣ доштанд пеш гирифтанд. Ҳар кадом аз корҳои номбаршуда дар пешрафти давлат ва ҳукумат нақши калидӣ доштанд. Аз ҷумла, бозгашти гурезагон ба ватан инҳо ҳама он амалҳое мебошанд, ки дар таърихи давлатдориҳо маҳз чунин ибтикор аз ҷониби Пешвои тоҷикон амалӣ гардидааст.

Муҳимияти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ин бунёди давлатдории миллӣ, маънои аслии худро ёфтани ҷаҳонишиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон мебошад, ки аз ҷаҳони андеша ва фарҳанги сиёсии Президент ҳусни оғоз ёфтааст. Ҳамин тавр, ҳадафҳои муқаддаси миллӣ, ки дар мағзи сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо қарор гирифтаанд, эътибор ва шаъни миллиро дар сатҳи ҷаҳон эҳё намуданд. Ба ин маънӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонӣ ёфтани он мебошад, ки бо пайкориҳои Пешвои миллат иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад. Яке аз муҳимтарин таҳаввулоти сиёсӣ роҷеъ ба инсонгароӣ ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат мебошад. Пешвои миллат аз ҷумлаи сиёсатмадороне мебошад, ки дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст, ки дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати худ медонад, ҷомеа ва аришҳои миллиро дар меҳвари давлатдории худ қарор додааст. Дар партави барномаҳои фарогир ва кору пайгириҳои Пешвои миллат арзишҳои маънавӣ, суннатҳои ахлоқӣ ва махсусиятҳои тафаккури миллӣ аввалият пайдо намуданд.

Президент ҳалли масъалаҳои бунёди давлатдории миллиро аз оғозҳои таърих, аз андешаҳои пурҳикмати бузургон бо дар назардошти замони нав ҷустуҷу намуда, бо ин роҳҳои поягузории ҷомеаи нав, мизони озодӣ ва ихтиёри инсону ҷомеаро дарёфт кард. Истиқлоли миллат, истеҳкоми асосҳои моддӣ ва маънавии он гаҳвораи тарбияти инсонҳои озод, инсонҳои озодае гардид, ки ғуруру озодагиро миллатпарварӣ, номуси ватандорӣ ва ҳақпарастӣ пайравӣ намуданд. Асоси пирӯзиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирии ҳадафҳои миллӣ ва барномарезии дақиқи ҳадафҳои ӯст, ки ҷисми миллат рӯҳу ҷони тоза бахшид. Сиёсати қавӣ ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаро аз буҳрони сиёсӣ берун оварда, бо тадбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузории такмили ҳокимияти давлатӣ давлату ҳукуматро дубора зинда намуд. Ин сиёсат бо чеҳра ва сиришти маънаии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик мебошад. Роҳе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ пеш гирифтанд, мактаби неруманди сиёсӣ ва роҳбарии ӯро ба вуҷуд овард. Ин мактаб дар кураи муборизаҳои шадид обутоб ёфта, аз ҳар ҷиҳат такомул пазируфт, таҷрибаи фаровон андӯхт бо натиҷаҳои мусбат дар миқёси байналмилалӣ обруи шоиста ба даст овард. Далели барҷастаи ин истиқболи ҷаҳонӣ баҳои баланди сарварони кишварҳои гуногунро ва созмонҳои бонуфуз ба шахсият ва мактаби сиёсии Президенти кишвар ба қонуни азими ҳамоишҳои сиёсӣ табдил ёфтааст.

Шукр аз он, ки Ватани ободу озод дорем, шукри тамоми неъматҳои Ватани азизамон, шукри осоишу бунёдкорӣ, шукри он, ки бо дили ором, табъи болида, бо фикрҳои неку ояндасоз сар ба болини ноз мегузорем, зеро ҳар як фарди кишварамон, аз хурд то бузург боварии комил дорад, ки нафаре ҳаст амнияти моро нигоҳ медорад, намегузорад, ки ба пои миллати азизамон хоре халад, аминем, ки пуштибоне дорем, ки дар ҳама ҳолат нигоҳбонӣ аз миллат, сарзамин, фарҳанг, ватан ва муқаддасоти миллиамон мекунад. Умед бар он мебандем, ки ин арзишҳои давлатдорие, ки дар садсолаҳо ба даст омаданд садсолаҳои дигар ҳифз гарданд. Дар охир танҳо гуфтаниям:

Худо хандид бар рӯят, амон бош,

Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош.

Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам,

Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

Исмонқулзода С.И.,

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ