ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МАРДЕ ДАР РОҲИ ҚАВЛ БА ХОТИРИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ

(Ба ифтихори бузургдошти рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон)

Асри ХХ дар таърихи башарият бисёр ҳаводисҳоеро ба бор овардааст, ки дар авроқҳои бойгонишуда абадан дар хотироти таърих ҳаккокӣ хоханд шуд. Усули давлатдорӣ ва сохти низоми идоракунии давлатҳо ба худ шакли наверо касб намуд ва таҳаввулотҳои азимеро рӯи кор овард. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, авҷи зиддиятҳои ҷаҳони дуқутба – («ҷанги сард» байни капитализм ва сотсиализм) боз ҳам боло гардид. Табиист, ки охири ҳар ҷанг бурд ё бохт аст, ки яке аз тарафҳоро насиб мегардад. Натиҷаи ҷанги мазкур бо бохти сотсиализм хотима ёфт. Дар интиҳои садсолаи ХХ давлате чун Иттиҳоди Шуравӣ акнун дигар дар харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуд надошт. Давлате, ки якчанд давлати алоҳидаро дар зери як ақида бо ҳам муттаҳид намуда буд, барои онҳо роҳи озодонаи муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷиашонро кушод. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, аз ҷараёнҳои мазкур дар канор буда наметавонист.

Ба халқи решабатаърих ва боасолати тоҷик пас аз санҷишҳои тулонии таърихӣ имкони дубора ба даст оврдани Истиқлоли миллӣ 9-уми сентябри соли 1991 даст дод. Бо омилҳои субективию объективӣ ва бо дахолат аз хориҷи кишвар, ки душманони миллати тоҷик маҳсуб меёфтанд ва мехостанд бо ҳар роҳу восита Истиқлоли миллати тоҷикро халалдор намоянд, ба мақсаду ниятҳои ғаразноки худ каме ҳам бошад дастёб гардиданд, вале он дер давом накард. Дар натиҷаи чунин ниятҳои нопоки онҳо, кишвар ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва хатари аз байн рафтани давлату миллат ба ҳақиқати воқеӣ табдил ёфт. Ҷанги мазкур боиси талафотҳои ҷуброннопазир гардид, ки ҳазорон нафар куштаву боиси хисоротҳои ҷонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ гардида, пояҳои асосии давлатиро фалаҷ намуд. Дар кишвар низоми бесарусомнӣ ва қонуншиканӣ ҳукмрон гардид. Гирдиҳамоиҳову намоишҳои сершумори нерӯҳои исломиву демократӣ, муборизаи ошкорои онҳо барои ҳокимият авҷ гирифт. Аз моҳи май то ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бесарусомониву бенизомӣ қарор гирифт. Ҳокимияти расмӣ аз уҳдаи идораи минтақаҳо намебаромад ва унсурҳои ҷудоиталаб аз марказ рӯз то рӯз авҷ гирифта буд.

Шаҳри сабз, яъне пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе маркази гирдобҳои сиёсӣ гардид. Дар пойтахти мамлакат дар майдони Шаҳидон ва Озодӣ мардум гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, аз ҳукуматдорон талабу дархостҳои худро баён менамуданд ва ин гурӯҳҳо дар охир ниҳоят ба задухӯрди мусаллаҳона гузаштанд. Дигар бӯйи нони занони тоҷик аз танӯр ба машом намезад, аз хонаводаҳо ба ҷои аллаҳои гушнавози модарон, навҳаи онҳо ба гушҳо садо медод.

Зиндагӣ дар шаҳри сабз мурда буд, одамон дар чорсӯи зиндагӣ раҳгум заданд. Дар Тоҷикистон аз кор ва зиндагӣ дигар сухан ба забон намеомад. Дар ҷеҳраҳо ғам, дар чашмҳо ашк, дар дилҳо чуғз лона гузошта буд. Ҳисси яъсу навмедӣ ҳамаро фаро гирифта буд ва умеди дигар ба зиндагии осоишта намонда буд. Мардум маконҳои бумии хеш ва хонаву манзилҳояшонро тарк намуда, иҷборан рӯ ба фирор оварданд.

Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини оромию субот, сарҷамъии миллат ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.

Ниҳоди олии давлатӣ, ки масъалаҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ, ки таҳти тобеъияти идораии он ва ба салоҳиятҳои он дохил мегардид, ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Дар чунин лаҳзаҳои ноором, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз тарафи мухолифон ҳар лаҳза намояндагони мардумӣ ва аъзоёни ҳукуматро, ки аз рӯи нақшаи онҳо амал намекарданд, гаравгон мегирифтанд, барпо намудани Иҷлосияи Шурои Олии ҷумҳурӣ ғайриимкон буд.

9-уми ноябри соли 1992 раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 16-уми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Хуҷанд (феълан шаҳри Хуҷанд) даъват намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ даъвати 12-ум қарор қабул намуд. Иҷлосия дар вақти муайяншуда дар қасри Арбоб доир гардид. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон яке аз дастовардҳои арзишмандтарин ва беназиртарин маҳсуб меёбад, ки дар он масъалаҳои ҳаётан муҳим барои миллати тоҷик ҳалли худро ёфтааст. Иҷлосияи мазкур саҳифаҳои наву дурахшонеро барои мо оғоз намуд.

Иҷлосияи мазкур кори худро 16-уми ноябр соли 1992 оғоз намуд. Дар рӯзномаи иҷлосия 23 масъала, аз ҷумла:

1. Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174 Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корпуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҷудогонаи интихоботӣ.

4. Дар бораи аризаи аъзои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани В.Н.Приписнов.

6. Дар бораи боз хондани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Дар бораи аризаи аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Дар бораи аризаи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Р. Набиев.

10. Дар бораи нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷиистон.

11. Дар бораи интихоби муовинҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12. Дар бораи тасдиқи аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13. Дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14. Дар бораи Герби давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15. Дар бораи муроҷиат ба мамолики ИДМ.

16. Дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо.

17. Дар бораи авфи умумӣ.

18. Дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо кардани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ.

19. Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни андози даромад аз шаҳрвандон.

20. Дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

21. Дар бораи раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22. Дар бораи тафтиши воқеаи бо чархболҳо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба ноҳияи Москва овардани силоҳ.

23. Масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Яке аз дастовардҳои гаронбаҳои ин Иҷлосия аз рӯи масъалаи 7-уми дар рӯзномаи он қарордошта, ин зуҳур намудани Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Санаи 19-уми ноябри соли 1992 дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик Худованд марди назар кардаи хешро фиристод, то ки мардумашро сарҷамъ намояд. Дар ин рӯз иштироккунандагон баромади Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд, ки суханони ӯ саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, аз сулҳ, аз мардонагӣ, аз обод намудани кишвар, аз бунёди давлатдории миллӣ ҳадафманду нуқтасанҷона буданд, ки дар он умеде нуҳуфта буд ва онро гарм истиқбол намуданд. Аз 197 нафар депутат 186 нафарашон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар ин лаҳзаҳои хеле мураккаб ва вазнину душвор, ки силоҳбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд. Ҳеҷ кас ба ҳаёт ва зиндагии худ бовар надошт ва на ҳар кас ҷуръати ба зиммаи худ гирифтани зимоми давлатдориро дошт. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замири он ғурури миллии тоҷикон вуҷуд дошт, аз ин вазифаи пурмасъулият даст накашид ва онро хуш қабул намуд. Ин навбат интихоби вакилони мардумӣ ҳадафрас ва ба мавқеъ буд. Суханони ӯ басо самимӣ, бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат, бо боварӣ ва аз қалб садо медод: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд».

Дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин таҳкими низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳалаи гузариш хидмати таърихӣ кардаанд.

Агар истиқлолият ба мо озодиро дода бошад, пас Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлоли мо ҷон ва Ваҳдати миллӣ ба он болу пар бахшид, ҷонбахшандаву болупардиҳанда ба онҳо бо номи Эмомалӣ Раҳмон таваъм мебошад. Ҳақ бар ҷониби олими ватанӣ, дотсент И.Т. Маҳмудов, ки яке аз бузургтарин дастоварди иҷлосияи мазкурро, дар интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат ва фидоии он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат, маънидод намудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ ҳамчун Лидери сиёсӣ ва яке аз чеҳраҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ тавонист давлати порчагаштаро ба як давлати воҳид табдил дода, баҳри пешрафту ободии он хизматҳои мондагореро анҷом диҳад.

Аз аҳамият ва бузургдошти ин анҷумани саодати миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштаанд: «Агар ҳамаи дастовардҳои усулиамонро, ки аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегиранд, ҷамъбаст намоем, пас метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати ин санаи таърихӣ мо давлату миллатамонро аз вартаи нобудӣ, ки миллати тоҷик пас аз ҳазор сол ба он сарфароз гашта буд, наҷот дода, тамомияти арзии онро ҳамчун давлати ягона ҳифз кардем ва аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллии худро эҳё намудем» .

Башарият гувоҳ аст, ки на ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун Пешвои миллат ворид шудаанд. Як шахсият вақте ба падидаи Пешвои миллат табдил мешавад, ки вай ба дарки масъулиятнокӣ ва масъулияти таърихии худ дар сарнавишти ҳамватанони худ барои як кишвар барномаи дақиқ ва масири пуриқтидори пешрафтро эҷод ва василаҳои амалӣ шудани онро фароҳам меоварад. Имрӯз бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои таърихии ин шахсияти таърихӣ – Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқи соҳибиродаву фарҳангсолори тоҷик ба ӯ, унвони Пешвои миллатро муносиб донистанд, ки ин садоқати мардумро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамояд. Дар замоне, ки ҳеҷ кас масъулияти идораи давлатро ба дӯш намегирифт, бо қиммати ҷони хеш, бо мардонагӣ, ҷасуриву далерӣ, бо доштани ғурури миллии тоҷикона, бо лаҳни ширин, бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек масъулияти давлати фалаҷгардида, ки дар он ягон сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қувваи ҳарбии боэътимод вуҷуд надошт ва хазинаи давлат тороҷгардида буд, онро бар дӯш гирифт. Азбаски мақсаду мароми ӯ танҳо сулҳ буд ва кори худро маҳз аз он оғоз намуда буд, тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи мардум ҷо гирад. Дар давоми зиёда аз се даҳсола ӯ тавонист ба як қатор ҳадафҳои стратегии давлатӣ дастёб гардад ва барои ҳалли як қатор масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои беназири худ тавонист ба ҳайси Лидери сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва уқдакушо ба камол расад.

Дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ мебошад, ки рушуду ташаккули давлатдории миллии мо, ҳамчун дар шакли давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ бо баинобатгирии таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддин, ба хизматҳои хастанопазиру шабонарӯзӣ, қаҳрамонию фидокорӣ, бунёдкорию созандагиҳои ӯ тавъам мебошад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ба қавли додаи худ «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд» содиқ монда, аз ӯҳдаи ин суханон хеле ҷасурона ва дар муддати кӯтоҳ баромада тавонистанд, ки башар шоҳиди бевоситаи он гардидааст. Мактаби давлатдориву таҷрибаи сулҳоварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз башар мавриди омӯзиши хеш қарор додааст. Шоири халқии Доғистон Расул Ҳамзатов хеле бомаврид иброз намудааст: «… инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

Ходими намоёни давлатӣ Асадулло Раҳмон вобаста ба хизматҳои Пешвои миллат хело мунсифона баён доштааст: «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан ҷоннисориҳо кардаанд». Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ баҳри миллати тоҷик ҳамчун марде аз сарнавишт тавонист, сарнавишти давлату миллати хешро муайян намуда, маҷрои роҳи онро ба суйи муроди мақсуд роҳнамоӣ намояд. Мо ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бояд натанҳо мислӣ як шахсият, балки ҳамчун сарвати бебаҳои миллат муносибат намоем ва онро ҳифзу гиромӣ дорем.

Барои ба қадри озодиву истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободониҳои кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз расидан, пеш аз ҳама доштани чашми ҳақбину гӯши ҳақшунав, виҷдони инсонӣ, ғурури миллӣ, имони комил ва дасту дили пок зарур аст. Муттаҳид будан дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазифаи имониву инсонии мо ба ҳисоб меравад, зеро иттиҳоду сарҷамъии мо боиси пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони азиз мегардад. Чӣ гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҳама баромаду суханрониҳои худ қайд менамоянд, Ватани моро ба ҷуз худи мо, каси дигар обод нахоҳад кард.

Омӯхтани саҳифаҳои дурахшони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва посу гиромӣ доштани он, имкон медиҳад, ки аз аҳамияти он, нақши он пайваста огаҳӣ пайдо намуда, аз гузаштаи худ сабақ омӯхта, баҳри пешрафти Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мефармоянд: «Имрӯз комилан мусаллам аст, ки ҳар қадар вақт моро аз Иҷлосияи тақдирсоз дур барад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои давлату миллати мо бештар аён мегардад. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии Иҷлосияи шонздаҳум барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомӯз ва дар маҷмуъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад». Ҳамчунин вобаста ба аҳаммияти таърихии ин анҷуман узви вобастаи АМИТ, д.и.ҳ., профессор Насриддинзода Э.С. баён медорад, ки иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ҷиҳати пайдоиш ва ташаккули ин арзишҳо нақши ҳалкунанда гузошта, ҳамзамон, дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эъмори давлати соҳибистиқлолу дунявии Тоҷикистон мақоми бунёдӣ дорад.

Дар воқеъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷумане гардид, ки навиди бомдоди сулҳ ва рушди давлатдории миллии мо тоҷикон гардид. Имрӯз мо таҳти сиёсати бунёдкорона ва созадаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем. Дар пасманзари ҳамаи гуфтаҳо ва суханони овардашуда, чунин баён менамоем, ки хизматҳои мондагор ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нуҳуфтааст, дар роҳи қавли додаи хеш то охирин содиқ ва пойбарҷо боқӣ монда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ пеши роҳи заволи миллатро гирифта, баҳри барқарор намудани рукнҳо ва пояҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ислоҳотҳои азимеро роҳандозӣ намуда, барои ба даст овардани ваҳдати сартосарӣ заминаҳои мусоидеро фароҳам оварданд, ки дар натиҷа 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расонида шуд. Баҳри пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ таҳавуллотҳои бузурге рӯи кор омаданд, ки мо шоҳиди бевосиати он гардида истодаем ва Тоҷикистони азиз ба сӯйи ояндаи нек гомҳои устувореро ба пеш мегузорад. Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик абадан бо ҳарфҳои заррин ҳакокӣ карда хоҳанд шуд.

Мо дар замоне ба сар мебарем, ки раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ мебошад ва дар тазоддҳои замони муосир ҳамон миллату халқияте истодагарӣ карда метавонад, ки ба наслҳои ояндасозӣ худ, аз ҷумла ба масъалаи таълиму тарбия, рушди ҷисмониву зеҳнии онҳо, чун аз ҳарвақта дида бештар мароқ зоҳир менамояд ва онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ватану миллат, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои таърихиву фарҳангии худ, забони модарӣ ва муқаддасоти миллӣ ба камол мерасонад.

Аз ин рӯ, ҷавонони саодатманди моро месазад, ки аз ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дар назди давлату миллат рисолати шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд ва сазовори бовариву эътимоди Пешвои миллат гардида, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодӣ, ҳифзи манифатҳои давлату миллат дар арсаи байналмилаӣ чун аз ҳар вақтадида бештар таваҷҷуҳ намоянд ва зиракии сиёсии худро аз даст надода, фарзандони содиқи ин Ватан ва пайравони асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида бошем.

Мо ҷавонони саодатманди диёри ин сарзамини аҷдодӣ дар атрофи сиёсати бобарор ва бомроми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, бовар мекунонем, ки мо дар ҳар лаҳзаву ҳар сония баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои Ватани хеш ҷоннисорӣ намуда, фарзандони содиқи ин сарзамин то абад хоҳем монд. Ҳақ бар ҷониби профессор А.Ғ. Холиқзода, ки баён медорад: «Мо бояд кӯшиш кунем, ки тафаккур ва мафкураро аз хиради ниёгон ва манзалати аҷдодони таърихиамон ғанӣ гардонем, Пешвои миллат ва ғояҳои созандаи ӯро ба сони рамзи покяндагию бардавомии миллат, муттаҳидии наслҳои оянда ва давлатдории миллиамон ба садсолаҳои дигар ҳидоятгару раҳнамо маҳфуз ва амонат нигоҳ дорем».

Зиёвадинов Исломҷон Искандарович – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ