НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛИШАВИИ ПРИНСИПИ ИНСОНДӮСТӢ ВА ГУМАНИЗАТСИЯИ МЕЪЁРҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТӢ

(дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Зарурати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16 ноябри соли равон мардуми шарифи кишвар “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд. Бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии он баромад мекунад ва ин рӯзро ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ватандӯст ҳамчун ҷашни хурду калони озоду осудаи Тоҷикистон меҳисобанд. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Воқеан, агар ба мазмуни моддаи мазкур таваҷҷуҳ намоем, тамоми пешрафту муваффақият, суботу осоиш ва комёбиҳои мамлакат ҳамагӣ ба Сарвари давлат пайванди ногусастанӣ дорад. Бо дарки ин муҳтаво, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, заҳматҳои беназири ин шахсияти абармард, дар роҳи наҷоти давлату миллат беандоза мебошад. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд. Бинобар ин, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан ва ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифтан, барои Пешвои маззами миллати тоҷик ҳақиқатан, арзанда ва шоиста аст.

Амалишавии принсипи инсондӯстӣ ва гуманизатсияи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ. Баробари баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шурои олӣ ва ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат раванди гуманизатсияи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар кишвар оғоз шуда, мавқеи принсипи инсондӯстӣ мустаҳкам гардид. Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд” қабул гардид, ки бозгӯи сиёсати инсонмеҳварии Сарвари давлат буд. Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид бар он менамоянд, ки вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо, инчунин, пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад.

Ҳамин тариқ, аз таҳлили мавзуи мазкур метавон чанде аз хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар амалишавии принсипи инсондӯстӣ ва гуманизатсияи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар кишвар баён кард:

1. Санадҳои қабулгардида дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои олӣ. Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта дар рӯзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Аз ҷумла:

а) қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд». Қонуни зикршуда чораҳои ҳуқуқии ҷиноятиро дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар чунин як марҳилаи ниҳоятан мушкил, ки ба сари шаҳрвандон, ҷомеа ва давлати тоза ба истиқлоли расида, таҳмил гардида буд, ҷоннок кард. Аҳамияти ҳуқуқии қабули Қонуни мазкур пеш аз ҳама, дар хусусияти созандаи он зоҳир мегардид, зеро ки он ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1961) пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ аввалин маротиба тағйироту иловаҳои зиёдеро ворид намуд, ки он баҳри тақвияти низоми давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар ин давраи сарнавиштсоз хизмат намудааст.

б) қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонуни содир кардаанд”. Новобаст аз он ки дар ин давраи мураккаб ва ҳассос қонуни мазкур қабул гардидааст, он аз хиради азалии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Зеро, на ҳама вақт ҷазо додан роҳи ҳаллӣ масъала ва кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ мегардад. Тарбияи шаҳрвандон ва баъзан бахшидани гуноҳи онҳо боиси пайдо шудани ҳисси эҳтиром ба ҷамъият, давлат ва қонун дар ботини онҳо шуда метавонад. Қонуни мазкур асос бар он гашт, ки қисмати зиёди шаҳрвандон, ки аз нофаҳмӣ, кибру ғурур, саҳлангорӣ, сӯйистифода аз вазъият кирдорҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, ислоҳ шуда, роҳи дурустро интихоб намоянд ва ин замина дар масири ба даст овардани сулҳу субот дар мамлакат гардид.

2. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар заминаи қарорҳои ҳамин Иҷлосия 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо дастгирии аксарияти шаҳрвандони кишвар ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад. Бо қабул гардидани Конститутсияи навини мамлакат дар он меъёрҳои ҳуқуқие муқаррар гардид, ки ифодакунандаи принсипи инсондӯстӣ ва сарчашмаи гуманизатсияи қонунгузории дигар соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла, ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, дар моддаи 5 инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯро вазифаи аввалиндараҷаи давлат маҳсуб донист. Ҳамчунин, дар моддаи 18 пешбинӣ гардид, ки ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, дар моддаи 21 бошад, муқаррар гардид, ки ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад ва ғ. Воқеан, ин меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионие мебошанд, ки ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи ҷиноятӣ баромад мекунанд ва талаботи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бояд ба онҳо мувофиқ бошад. Вобаста ба ин масъала, дар моддаи 1 Кодекси ҷиноятӣ чунин муқаррарот пешбинӣ гардидааст: ҳамин Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад.

3. Таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва қабули он. Дар пасманзари расидан ба ҳадафҳои бунёди давлатӣ ҳуқуқбунёд зарурати қабули санадҳои ҳуқуқие, ки ин ормони миллиро аз ҳамагуна таҳдидҳо ҳифз намояд, ба миён меояд. Ба сифати яке аз чунин санадҳои ҳуқуқӣ Кодекси ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ таъсис ёфта, соли 1998 аввалин Кодекси ҷиноятии замони соҳибистиқлолӣ қабул гардид, ки дар он дар мадди аввал, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор доранд ва дар моддаи 9 он принсипи инсондӯстӣ пешбинӣ гардид. Ҳамчунин, дар моддаи 71 падидаҳои шартан татбиқ накардани ҷазо, дар моддаҳои 72-75 озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, дар моддаҳои 76-81 озод кардан аз ҷазо, моддаи 82 авф, моддаи 83 бахшиши ҷазо, муқаррар гардидани меъёрҳои ҳавасмандкунанда барои пушаймони аз кирдори ба ҷамъият хавфнок ва м.и.

4. Тағйироту иловаҳои гуманистӣ ва мутобиқ ба ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Марҳила ба марҳила муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба омилҳои гуногуни таъсиррасон пеш меравад, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давра ба давра шакл мегирад, рӯз то рӯз мунисбатҳои нав ба вуҷуд меояд, тафаккурҳо мукаммал мегарданд, миллати тоҷик ба сараварии Пешвои миллат ба комёбиҳои нав ба нав шарафёб мегарданд, пас дар чунин вазъият зарурати мавҷудияти қонунгузории ба талаботи замон ҷавобгӯ лозим аст. Қонунгузорие, ки хусусияти гуманистӣ дошта, дар ҷомеа ҳисси нафрат ва бадбиниро ба миён наоварда, шаъну шараф ва қадру қимати инсонро ҳамчун арзиши олӣ донад. Дар ҳамин замина, бо ибтикори Пешвои миллат бо дарназардошти баинобатгирии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҷазои қатл аз 15 намуди ҷиноятҳо барои 5 намуд муқаррар карда шуд (м.104, м.138, м.179, м.398 ва м.399 ). Ин қадами бузург дар роҳи расидан ба амалишавии принсипҳои инсондӯстӣ ва гуманизатсияи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дониста мешавад.

5. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боздошти татбиқи ҷазои қатл” дар соли 2004 ҷаҳиши беандоза ва назаррас дар ин ҷода, дониста мешавад. Маҳз талошҳои беназири Пешвои миллат буд, ки новобаста аз мураккабии замон ва тафаккур қонуни мазкур қабул гардида, бо ҳамин татбиқи ҷазои қатл дар кишвар пурра маҳдуд шуда, тантанаи адолат ва инсондӯстӣ ҳукмрон гардид. Ба ин васила, Тоҷикистон давлати озод аз ҷазои қатл эълон гардида, мақому мартабаи он дар назди созмонҳои байналмилалӣ дучанд гардид.

6. Қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”. Бо қабул гардидани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 13 меъёрҳои ҳуқуқии алоҳида вобаста ба авф, бахшиши ҷазо, доғи судӣ ва сафедкунӣ муқаррар гардид. Аз даврони соҳибистиқлолии кишварамон то имрӯз 17 санади авф қабул шуда, нисбат ба зиёда аз 100 000 нафар татбиқ гаштааст, ки ин таҷассумгари инсондӯстона будани сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

7. Ба тасвиб расидани санадҳои бахшиши ҷазо. Аҷдодони инсондӯсту раиятпарвари мо сар карда аз нахустодам Каюмарс, Фаридуну Ҷамшед, Кайхусраву Кайковус, Курушу Дориюши Кабир, Ардашеру Исмоили Сомонӣ то ба имрӯз покию некӣ, ростию баробарию бародарӣ – яъне ғояҳои олии инсондӯстиро оини хеш қарор додаанд, ки дар шароити кунунӣ чунин арзишҳои неки инсониро фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дода истодаанд. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз 30 октябри соли 2020 қабул гардида, тибқи он 378 нафар маҳкумшуда бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд. Инчунин, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд» аз 20 марти соли 2025, №1009 қабул гардида, тибқи он 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд. Бо анҷоми ин иқдоми наҷиб Пешвои миллат маротибаи дигар собит месозад, ки сиёсати давлатдорӣ дар Тоҷикистон бар пояи инсондӯстӣ, адолат ва ғамхорӣ бунёд ёфтааст.

8. Бо ташаббуси бевоистаи Пешвои миллат 6 феврали соли 2018 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 қабул гардид. Дар банди 26 ин санад меъёрҳои зерин пешбинӣ мегардад, комилан барои расидан ба ҳадафҳои сиёсати инсонмеҳварӣ равона шудаанд:

-мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

– инсондӯстона (гуманизатсия) гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба субъектони муайян, пеш аз ҳама, шахсони содирнамудаи ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва (ё) дараҷаи миёна, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ноболиғи то 8 – сола доранд, ноболиғон, маъюбон ва нафақахӯрон;

– барҳам додани ҷавобгарии ҷиноятӣ (декриминализатсия) барои баъзе аз кирдорҳои ҷиноятӣ бо дар назар доштани хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии онҳо тавассути хориҷ намуданашон аз Кодекси ҷиноятӣ ва муқаррар намудани ҷавобгарӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷазоҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда;

Ҳамин тариқ, агар ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар андозем, дар ҳама самтҳои фаъолияти ин абармарди миллат амалишавии принсипҳои инсондӯстиро мушоҳида карда метавонем, ки барои фардои орому осудаи мамлакат рӯйи даст гирифта шудаанд. Маҳз ба ҳамин монанд хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Мақолаи мазкур фарогири қисмате аз он ташаббусҳои беназир ва хирадсолорию фаъолияти инсонмеҳварии Пешвои миллат аст.

Мирализода Эмомалӣ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон