28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ва дар доираи лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷиҳати густариши имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон» сеюмин Бозии миллии кории судӣ бо сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин озмуни бонуфуз дастаҳои донишҷӯён аз 6 муассисаи таҳсилоти олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.
Раванди озмун бо ҳузури судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ сурат гирифта, ба сатҳи касбӣ ва шаффофонаи мурофиаи судӣ тобиши хоса бахшид.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин озмун 10 нафар донишҷӯёни фаъоли факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти роҳбарии раиси дастаи олимпии факултет – Муродзода У.У., бо ёрии ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ – Қурбонова М., ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рустамзод С.Р. ва адвокат Отабоева М. ба таври шоиста намояндагӣ намуданд.
Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишон додани омодагии ҳамаҷониба, дониши амиқ ва маҳорати баланди касбӣ ба натиҷаи таърихӣ ноил гардида, бо қарори якдилонаи ҳайати доварон сазовори мақоми аввал, унвони ғолиби мутлақ ва ҷоизаи “Беҳтарин дастаи умумӣ” (бар асоси беҳтарин асосноккунии хаттӣ ва баромади шифоҳӣ) гардиданд.
Илова бар ин, дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номинатсияи “Беҳтарин даста бо баромади шифоҳӣ” низ бартарӣ нишон дода, ба сифати ғолиб дар фазои тантанавӣ соҳиби ҷоизаи махсуси ин номинатсия гардид.
Инчунин, донишҷӯйи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Сафаров Меҳроб бо нишондодани маҳорати баланди суханварӣ, пешниҳоди ваҷҳҳои асоснок ва истифодаи дурусту бамавриди қонунҳо ба гирифтани ҷоизаи “Донишҷӯйи дорои дастовардҳои назаррас” мушарраф гардидид.
Ҳамзамон, устодон ва аъзоёни даста, ки дар ҷараёни озмун фаъол иштирок доштанд, бо сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Субҳи имрӯз дар ҷаласаи васеи садорати факултети ҳуқуқшиносӣ декани факултет, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода П.З. ғолибон ва ҷоизадорони ин озмуни бонуфузро самимона табрик намуда, таъкид бар он карданд, ки ин дастоварди таърихӣ бори дигар сатҳи баланди омодагӣ ва касбияти ҳуқуқшиносони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро собит месозад. Ин муваффақият нишонаи равшани мутобиқат ба талаботи замони муосир ва раванди таҳкими иқтидори илмӣ ва амалии факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дастовардҳои мазкур дар гӯшаи хоссаи намоишии Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд.
