Санаи 5-уми декабри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, 80-умин солгарди таъсисёбии СММ, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва қабул гардидани қатъномаи СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар пояи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Конференсияро муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадзода Сафармамад бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз бахшида, аҳли нишастро бо ҷашнҳои фархундаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, 80-умин солгарди таъсисёбии СММ, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва қабул гардидани қатъномаи СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» муборакбод намуда, таъкид карданд, ки ин гуна конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар пешбурди заминаи қонунгузории кишвар аҳаммияти амиқи илмӣ дошта, ба арҷ гузоштан ва эҳтирому эътирофи ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносӣ Мирзозода Парвон Зайналобуддин бо ёдоварӣ аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳамчун нахустсарчашмаи ҳуқуқи инсон ва аҳаммияти он дар ташаккули қонунгузории миллӣ, дастовардҳои ҳуқуқшиносони тоҷик дар самти қонунгузорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд. Мавсуф, дастовардҳои хоси Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд карда, ин дастоварду комёбиҳоро ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут донист. Вай таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро махсус қайд карда, онҳоро ҳамчун дастовардҳои муҳим дар таҳкими мақоми шахсият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон донист.

Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ВАО, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати пленарии конференсия зиёда аз 13 маъруза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар 6 бахш ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 150 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли бевосита ва ѓоибона пешниҳод гардиданд.
Дар конференсия аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар заминаи санадҳои байналмилалӣ ироа карда шуд. Қайд гардид, ки Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон кардааст. Аз ин рӯ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз ваҳдати миллӣ, тенҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст.
Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда мешаванд.
Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муассири худро хоҳад гузошт.
